Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати дифои Афғонистон тасмим гирифтааст, ки шумори бештари занон ва духтаронро барои пайвастан ба хизмати сарбозӣ ва ба кор дар сохторҳои вазорати дифои ин кишвар ташвиқ кунад.

Моҳи октябр наздики 30 хонуми ҷавони афғон дарсҳои махсуси низомиро дар назди ин вазорат хатм кардаанд ва ҳоло боз ҳудудан ҳазор ҷавонзани дигар дар хизмати низомӣ сафарбар шудаанд.

Вале суоли аслӣ ин аст, ки чӣ тавр дар ин ҷомеаи бисёр мазҳабии муҳофизакор даст дод занҳову духтарҳоро барои анҷоми як кори сирф мардона ҷалб кард.



Ҷасорати як зани низомии афғон

Генерал Хотул Муҳаммадзай боифтихор худро як зани варзишгар ва сулҳофарини либоси низомипӯш меномад. Вай танҳо зани афғон аст, ки 500 бор худро бо парашют ба замин андохтааст.

Бо ихтисоси ҳуқуқшинос Муҳаммадзай инчунин варзиши низомиро дӯст дошта, дар солҳои 1980-ум дар Афғонистон дарси фармондеҳиро аз худ кардааст. Баъди суқути режими Толибон дар соли 2001 ӯ ба артиши Афғонистон барои хизмат омад ва ҳоло дар маъмурияти вазорати дифоъ дар умури омӯзишу таълимоти низомӣ кор мекунад.

Вазорат мехоҳад сафи кормандонашро аз ҳисоби мутахассисони бештари зан, мисли Муҳаммадзай пур кунад. Сухангӯи ин ниҳод генерал Муҳаммад Зоҳир Азимӣ мегӯяд, ки ҳоло дар бахшҳои мухталифи низомӣ онҳо ба ҳамкорони зан ниёз доранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҷомеаи бисёр муҳофизакору суннатии Афғонистон ҳамоно бисёр мардон занону духтарони худро ҳатто берун шудан аз саҳни ҳавлии хона иҷоза намедиҳанд. Илова ба ин, ба қавли хонум Муҳаммадзай, бисёриҳо дар ҷомеаи ин кишвар омода нестанд, ки як занро бо либоси низомӣ дар тан бубинанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло ба як мубаллиғи кори низомӣ дар сохторҳои давлатии кишвараш табдил шудааст:

“Барои ҳар инсон фарз аст, ки ба ватани худ хуб нигоҳ кунаду бар ватани худ хизмат кунад. Чаро занҳо кор накунанд? Ба ҳамин нирӯҳои ҳофизи сулҳ хоҳарони мо аз ҷойҳои дур омаданд ва дар Афғонистон барои мардуми мо хизмат мекунанд. Ин ватани худи мо аст, чаро худи мо хизмат накунем?”.

Дарсҳои низомӣ барои афғондухтарон

Моҳи гузашта наздики 30 духтари афғон дарсҳои шашмоҳаи низомиро дар шаҳри Кобул хатм карданд. Ин мактаби вижа, ки баъди суқути ҳукумати Толибон таъсис шуд, касбу ихтисосҳои мухталифи низомиро барои хонумҳо омӯзиш медиҳад.

Ба онҳо ҳам дарси истифодаи силоҳ, ҳам дарси ронандагии зиреҳпӯшҳо дода мешавад, вале тавре вазорати дифоъ мегӯяд, онҳо ният надоранд занҳоро ба амалиёти низомӣ сафарбар кунанд. Занҳо бояд дар идораҳои низомӣ, маъмурият, почта, хадамоти иртиботот, таъминоти молу амвол ва шифохонаҳову дигар сохторҳои низомӣ машғули кор шаванд.

Яке аз барҷастатарин бахшҳои кори онҳо аз кӯмак дар амалиёти ҷустуҷӯ, кофтукоби сару либос ва бозпурсиҳо иборат хоҳад шуд. Ҷамила Муҷоҳид, хабарнигоре, ки бо баррасии масоили занон машғул аст, мегӯяд, нақши занҳо дар кори кофтукоби сару либоси занони бурқапӯш хеле муҳим аст, чунки чунин корро мардон анҷом дода наметавонанд.

Ӯ мегӯяд, масалан ҳангоми амалиёте дохили хонаҳои мардумро як афсари зан ҷустуҷӯ мекунад, бисёр хонаводаҳо худро роҳаттар эҳсос мекунанд:

“Баъзе мушкилоте ҳаст, ки ҳалли онҳо бидуни занҳо номумкин аст. Масалан, ҷустҷӯи хонаҳо. Агар таъмини амнияти шоҳроҳҳо аз тарафи бародарҳоямон сурат бигирад, мавҷудияти хоҳарон дар полис ҳатмӣ аст, чунки дар фарҳанги Афғонистон расм нест, ки як мард даст, либос ва ё узви дигари бадани хонумҳоро тафтиш кунад. Зан бояд бошад”.

Мушкили ҷалби занону духтарон

Ҳоло қарор аст гурӯҳи нави занҳо бо таҳсили низомии шашмоҳаи вазорати дифоъ фаро гирифта шаванд. Зоҳир Азимӣ гуфт, ки дар баробари шаҳри Кобул нияти онҳо ин аст, ки чунин мактабҳо дар манотиқи дигари Афғонистон ҳам боз шаванд. Ҳарчанд мақомот хуб дарк мекунанд, ки ҷамъ овардани занҳо барои таҳсил дар курсҳои низомӣ кори осон нахоҳад буд.

Ҳанифа, яке аз хатмкардаҳои мактаби низомии вазорати дифои Афғонистон аст. Вай, ки ҳоло либоси сабзу кулоҳи махсуси низомӣ пӯшидааст, мегӯяд, дар аввал аҳли хонаводаи ӯ ҳам ба ин пешаи вай мухолиф буданд.

“Дар оилаи мо дар аввал як силсила мушкилот буд. Аммо баъдан, вақте онҳо тасмими маро диданд, аҳли хонаводаам буд, ки маро ташвиқ кард”.

Ҳоло аксар хатмкардаҳои мактаби низомии вазорати дифоъ сокинони шаҳри Кобул мебошанд. Вай мегӯяд, агар бисёриҳо мисли ӯ баъди муборизаи зиёд дар хонавода ба ин мактаб омада бошанд, бахши дигарро нодориву ниёзмандӣ ба ин кор водор кардааст.

Имтиёз ва хатари кор дар сохторҳои низомӣ

Генерал Аймак, раиси собиқи амнияти вилояти Қундуз мегӯяд, барои бархе занҳо даромад ва имтиёзҳои хуби пешаи низомӣ боиси таваҷҷӯҳ мешавад. Вай мегӯяд, агар дар сохторҳои маъмулии давлатӣ моҳонаи коргарон дар ҳудуди 100 доллари амрикоӣ бошад, дар сохторҳои вазорати дифоъ кас наздики 350 доллар маош мегирад.

Аммо набояд фаромӯш кард, ки ин кор бештар аз ҳар кори дигар хатарнок буда занҳо назар ба мардҳо бештар таҳдид мешаванд. Дар ҳоле, ки мизони қатлу куштори нирӯҳои давлатӣ аз ҷониби Толибон афзоиш меёбад, таҳдиди онҳо ба занҳо дучанд аст. То имрӯз Толибон хеле зиёд зану духтарҳои зиёди муҳассили мактаб, донишгоҳ, журналисту омӯзгоронро ҳадаф қарор додаанд.

Генерал Муҳаммадзай мегӯяд, худ ӯ ҳам пайваста таҳдид мешавад, ки аз кори низомӣ даст кашад. Сентябри соли 2008 куштори як хонуми муваффақи ходими полиси Афғонистон дар вилояти Қандаҳор ин кишварро такон дод. Малолай Кокари нотарс ва хеле обрӯманд он тирамоҳ вақти ба кор рафтанаш аз ҷониби Толибон террор шуда буд.

Ҳоло вазорати дифоъ мегӯяд, бо дарки ҳама хатару таҳдидҳо аммо занҳову духтарҳои зиёди афғонро мехоҳад ба кори низомӣ ҷалб кунад. Генерал Хотул Муҳаммадзай ҳам мегӯяд, ки занҳо бояд нотарсона ба ин ҷода қадам гузоранд. Шумори онҳо аз нисф зиёди ҷомеаи Афғонистонро ташкил медиҳад ва занҳо бояд фаъолтар шаванд, то аз ҳуқуқи худ ҳимоят кунанд, мегӯяд вай.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG