Пайвандҳои дастрасӣ

Нишонаҳои коҳиши нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон


Дар бозорҳои Тоҷикистон коҳиши нархи орд ба мушоҳида расидааст. Мудири ширкати давлатии "Ғалла", Тағоймурод Шарифов, ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, ин коҳиши нарх зимни афзоиши пешниҳод дар бозорҳо ба миён омадааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки моҳҳои гузашта Қазоқистон ба Тоҷикистон асосан ғалла мефиристод, акнун бештар орд мефиристад ва афзоиши мол болоравии нархро боздошт. Ҳоло як халтаи 50-килоии орд дар бозорҳои Душанбе аз 113 сомонӣ зиёд нест, дар ҳоле ки дар нимаҳои моҳи октябр нархи он ба 130 сомонӣ мерасид.
XS
SM
MD
LG