Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоҳзода Холид бин Сауд, муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мегӯяд, кишвараш омодааст, ҷиҳати рушди иқтисоди Тоҷикистон саҳми бештар бигузорад.

Ӯ ин матлабро баъд аз мулоқоти беш аз якунимсоата бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе изҳор дошт. Муовини вазири хориҷии Арабистони Саудӣ афзуд, ки дар ҷараёни мулоқот раисиҷумҳури Тоҷикистон бо бархе аз тарҳҳои муҳим ва бузурги иқтисодии ин кишвар, аз ҷумла лоиҳаҳои энержии Тоҷикистон шинос шуда ва итминон дорад, ки бо анҷоми онҳо дар иқтисоди Тоҷикистон тағйироти ҷиддӣ пеш меояд.

Риёз интизори дархости Душанбест

Шоҳзода Холид бин Сауд гуфт, ки Арабистони Саудӣ хостори густариши ҳарчи бештари равобит бо Тоҷикистон аст, вале сармоягузории ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон дар ҳоле афзоиш хоҳад ёфт, ки давлати Тоҷикистон чунин дархост ва ё тақозоро пеш гузорад.

Ӯ мегӯяд: «Арабистони Саудӣ омодааст, ки дар тамоми самтҳо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад. Вале мо намехоҳем, ки самтҳои ҳамкориро мо аз ҷониби худ муайян кунем. Мо мунтазири пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ҳастем.»

Равобит миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. То кунун ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи 75 миллион доллар кӯмак кардааст, вале ҳаҷми ёриҳои Арабистони Саудӣ ба иқтисоди Тоҷикистон тавассути Бонки исломии рушд 190 миллион долларро ташкил додааст.

Муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ гуфт, ки ин маблағҳо умдатан ба арсаи маориф, тармим ва навсозии роҳҳо ва низ барои рафъи авоқиби ҳолатҳои изтирорӣ масраф шудааст.

Дурнамои ҳамкориҳо бо ҷаҳони Ислом

Зимнан коршиносони тоҷик низ мӯътақиданд, ки баъди касби истиқлол ва махсусан баъди имзои Созишномаи умумии сулҳ миёни ҳукумат ва нерӯҳои мухолифи давлат, ки умдатан исломианд, дар равобити Тоҷикистон бо кишварҳои олами ислом дигаргунии мусбат пеш омадааст.

Ба эътиқоди коршиносон, сохтмони бузургтарин масҷид дар шаҳри Душанбе аз сӯи давлати Қатар ва ёриҳои давлати Уммон ба зарардидагони офати табии Кӯлобро метавон натоиҷи ин дигаргунии муносибат бо кишварҳои исломӣ арзёбӣ кард.

Фаррух Умаров, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, таҳкими равобити иқтисодӣ бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони ислом, бахусус Арабистони Саудӣ, бар суди Тоҷикистон хоҳад буд. Зеро, мегӯяд оқои Умаров, Арабистони Саудӣ дар ҷаҳони ислом аз мақоми баланде бархурдор аст ва роҳандозии муносиботи ҳасана бо ин кишвар дар густариши равобит бо бештари кишварҳои арабӣ мусоидат хоҳад кард.

Ваъдаҳои ҳамкории Арабистони Саудӣ

Вале бархе аз коршиносон мегӯянд, бо ин ки кишвари нафтхези Арабистон барои сармоягузории бештар дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст, вале амалан то ҳол иқдоми ҷиддиеро дар ин самт анҷом надодааст.

Аз сӯйи дигар беш аз як сол аст, ки дар байни мардум сухан аз боби муҳоҷирати корӣ ба Арабистони Саудӣ меравад, аммо ин масъала низ норушан боқӣ монда, шурӯи барномаи муҳоҷират ҳанӯз зери суол аст.

Расонаҳои арабӣ соли 2009 дар поёни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ бо мақомоти баландпояи Арабистони Саудӣ навишта буданд, ки акнун садҳо муҳоҷири кории тоҷикистонӣ, ки аз сабаби бӯҳрони иқтисодӣ корашон дар Русияро аз даст додаанд, метавонанд дар Арабистон Саудӣ соҳиби шуғл шаванд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки шоҳзода Холид бин Сауд-муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ омодагии кишвараш барои сармоягузорӣ дар бахши хусусии Тоҷикистонро махсус таъкид кард. Вай афзуд бо онки сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кардааст, бисёре аз мушкилот аз ҷумла масоили муҳоҷирати кории атбои тоҷик ба Арабистони Саудӣ низ роҳи ҳал пайдо хоҳад кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG