Пайвандҳои дастрасӣ

Оё табъиз метавонад боиси эҷоди хушунат шавад? Бо ин савол муҳаққиқони оҷонсии ҳуқуқи бунёдии Иттиҳодияи Аврупо ба се ҳазор ҷавони мусалмон ва ғайримусалмон муроҷиат ва талош кардаанд бархӯрди онҳоро ба масоили табъиз, каноргузории иҷтимоӣ дар ҷомеа ва ҳам хушунатро бисанҷанд.

Бар тибқи ин натиҷаҳо маълум шудааст, ки дар давлатҳои Бритониёи Кабир, Испания ва Фаронса аксари ҷавонҳо, алорағми мансубияти мазҳабиашон, ҳама навъҳои хушунатро инкор мекунанд. Аз сӯи дигар, ҷавонҳое, ки аз ҷониби дигарон азият шуда табъиз ва бадрафториҳоро аз сари худ гузарондаанд, бештар аз дигарҳо бо хатари шомил шудан ба амалҳои хушунатзо рӯбарӯ мешаванд.

Табъиз алайҳи ҷавонон вуҷуд дорад

Ҷавонҳое, ки аз сарашон табъизу бадрафторӣ гузашта худро аз назари иҷтимоӣ дар канор партофташуда эҳсос мекунанд, онҳое, ки қурбони озору азият шудаанд, метавонанд даст ба хушунат зананд. Ин андеша ҳам ба ҷавонҳои мусалмон ва ҳам ғайримусалмон нисбат дода мешавад.

Вале айни замон, таҳқиқот нишон медиҳад, ки ҷавонҳои мусалмон назар ба ҳамсолони дигарашон бо табъизу хушунат бештар рӯбарӯ мешаванд. Дар роҳи решаканкунии хушунат дар миёни ҷавонҳо, мегӯянд муҳаққиқон, бояд тарзе кор кард, ки онҳо худ барои ҳалли мушкилоташон рӯ ба бадарфторӣ наоранд.

Гузориши оҷонсии ҳуқуқи бунёдии Иттиҳодияи Аврупо, мақарраш дар Вена мегӯяд, ки аз ҳар чаҳор ҷавон як нафарашон мегӯянд, ки бо рафтори ноодилона рӯбарӯ шудаанд. Ҷавонҳои мусалмони Фаронсаву Испания гуфтаанд, ки назар ба ҳамсолони ғайримусалмонашон бештар бо ингуна мавридҳо рӯбарӯ шудаанд. Дар ҷомеаи Бритониёи Кабир бошад, ҳеҷ тафовуте дар миёни ҷавонҳои мусалмону ғайримусалмон ба назар намерасад.

Вазъи мутафовити дар се кишвари қораи Аврупо

Ҷоана Гудӣ, яке аз муаллифони ин гузориш дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт, ки ҳадафи онҳо муайянсозии бархӯрди ҷавонҳои ҷомеаҳои се кишвари аврупоӣ ба масоили хушунату табъиз ва паёмадҳои он дар зиндагии ҳамарӯзаашон будааст.

“Барои мо, муҳаққиқони оҷонсии ҳуқуқи бунёдӣ хулосаи аслии ин гузориш бисёр муҳим буд, ки , аксари ҷавонҳо, новобаста аз мансубиятҳои мазҳабиашон, бо рафтори ҳамсон рӯбарӯ мешаванд. Медонед, ҳоло дар ҷомеаи аврупоӣ нисбати мусалмонҳо қолабҳои хеле зиёди манфӣ вуҷуд дорад. Барои мо бисёр муҳим буд, ки аз забони худи ҷавонҳо бифаҳмем, ки ҳоли онҳо чӣ тавр аст, чунки то имрӯз чунин таҳқиқот ё пурсиши ҳадафманде дар миёни ҷавонҳо анҷом нашудааст”.

Дар ин пажӯҳиш се ҳазор навраси 12 то 18-сола назарҳои худро баён кардаанд. Муҳаққиқон аз ин ҷавонҳо пурсидаанд, ки дар кадом ҳолатҳо онҳо дучори ноадолиҳо шудаанд, рафтори калонсолон, намояндагони давлат, омӯзгорону ҳамсолон ба онҳо чӣ гуна будааст ва то куҷо мансубияти мазҳабиву фарҳангиашон боиси сар задани ингуна ҳодисаҳо шудааст. Ҷоана Гудӣ мегӯяд, посухҳо мухталиф буданд:

“Вале дар миёни ҳама пурсидашудаҳо вазъи ҷавонҳои мусалмону ғайримусалмон дар Фаронса аз ин назар каме бадтар будааст. Тавре ба мо ҷавонҳои мусалмони ин кишвар гуфтанд, онҳо дар мактаб бо муносибати бад рӯбарӯ шудаанд. Ҷавонҳои мусалмон дар Фаронса ба мо гуфтанд, ки вақте дар хиёбонҳо бо дӯстонашон сайру гашт мекунанд, бисёр вақт бо муносибати нохуби калонсолон рӯбарӯ мешаванд. Яъне аз ин лиҳоз, вазъи ҷавонҳои мусалмон дар Фаронса каме бадтар назар ба Испанияву Бритониёи Кабир будааст. Як бахши дигари саволҳои мо дар бораи рафтори ноодилона аз назари фарҳанг, мазҳаб ва ҷинсияти онҳо буд. Аз ин ҷиҳат, дар Фаронса ва Испания мусалмонҳои ҷавон гуфтанд, ки онҳо бо рафтори манфии атрофиён рӯбарӯ шудаанд. Ҷавонҳои Фаронса ва Испания бо ҷавобҳои худ чунин инъикос карданд, ки бархӯрди ҷомеа ба хусусиёти фарҳангиву мазҳабии онҳо назар ба Бритониё як андоза бадтар будааст”.

Ҷоана Гудӣ мегӯяд, аз назари иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷавонҳои мусалмони ин кишварҳо назар ба дигар ҳамсолонашон тангдастар будаанд. Аксари ин ҷавонон аз хонаводаҳои нодор ҳастанд ва ҳамин ниёзмандӣ боиси болоравии норизоияти онҳо аз зиндагӣ мешавад ва ин бахши ҷавонҳо аз ширкати ҳамаҷониба дар ҷомеа худдорӣ мекунанд.

Мизони ками ҷавонҳо хушунатро қабул доранд

Дар айни замон, таҳқиқоти оҷонси ҳуқуқи бунёдии Иттиҳодияи Аврупо мушаххас кардааст, ки мизони майли ин ҷавонон ба хушунату бадрафторӣ баланд набуда танҳо дар ҳолатҳои дучори таҳқиру зарбу лат ва ё навъҳои дигари азияту озор қарор гирифтан онҳо омодаанд бо ҳамин шева ба озордиҳандаи худ посух гӯянд.

Ин ниҳод мегӯяд, ки интихоби давлатҳои Фаронса, Испания ва Бритониёи Кабир дар таҳқиқот бо он сабаб аст, ки ин давлатҳо бештар аз дигар кишварҳои аврупоӣ ҳамлаҳои террористиро шоҳид шуда дар ҷомеаи ин кишварҳо ҷавонҳои муҳоҷир бештар даст ба эътирозу бебандубориҳои иҷтимоӣ задаанд.

Хулосаи аслии гузориш ин аст, ки мизони хеле ками ҷавонҳои аврупоӣ хушунатро қабул доранд.
XS
SM
MD
LG