Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эълони натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Қирғизистон


Кумиссюни марказии итихоботии Қирғизистон гуфт, бино бар натиҷаҳои ниҳоии интихоботи 10-уми октябр, 5 ҳизб ба порлумони ин кишвар роҳ ёфтаанд, аммо ҳеҷ яке аз онҳо аксариятро ташкил намедиҳд. Кумиссюн гуфт, ҳизбҳои "Ота Журт", Сотсиал-Демократ, "Ору Номус", Республика ва "Ота Макон" барои ҳузур дар порлумони Қирғизистон раъйи кофӣ ба даст оварданд. Ҳизби миллатгарои "Ота Журт" дар байни қирғизҳои ҷануби кишвар пуштибонии қавӣ дошта, 28 курсӣ аз 120 курсии порлумонро соҳиб гашт. Ҳизби ҳукуматии Сотсиал-Демократ бо 26 курсӣ дар ҷои дувум буда, "Ору Номус" 25, Республика 23 ва "Ота Макон" 18 курсӣ гирифтаанд. Ҷамъан 29 ҳизб дар интихобот ширкат карданд. Бино бар сарқонуни нави Қирғизистон, ки дар референдуми охири моҳи июн ба тасвиб расид, дар ин кишвар ниӯоми порлумонӣ ҷорӣ мешавад. Интихоботи 10-уми октябр баъд аз он баргузор шуд, ки президент Қурманбек Боқиев дар моҳи апрел аз мақомаш барканор гашт ва дар моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон байни қирғизҳо ва узбактаборон даргириҳои қавмӣ ба вуқӯъ пайваст.
XS
SM
MD
LG