Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Узбакистон ба эътирозҳои Тоҷикистон


Вазорати хориҷаи Узбакистон иттилои матбуот ва мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошти вагонҳо дар қаламравашро рад кард ва онҳоро "беасосу иғвогарона" номид. Тошканд мегӯяд, интиқоли вагонҳо ба Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи гузашта 102 дарсад афзудааст ва Узбакистон ӯҳдадориҳои худ дар масъалаи транзитро иҷро мекунад.

Вазорати умури хориҷии Узбакистон мегӯяд, баёнияҳои бепояи мақомоти Тоҷикистон ба рушди равобити хуби ҳамсоядорӣ зарба зада, эътимоди байнидавлатиро коҳиш медиҳанд. Изҳороти Узбакистон дар ҳоле садо медиҳад, ки Тоҷикистон эълом доштааст, барои ҷуброни хисороти "муҳосираи нақлиётӣ" ба додгоҳи байнулмилалӣ муроҷиат хоҳад кард.

Дар канори радди эътирози тарафи Тоҷикистон, Вазорати умури хориҷии Узбакистон инро ҳам иқрор кардааст, ки дар интиқоли вагонҳо ба Тоҷикистон "баъзе мушкилоти фаннӣ ва икмолотии марбут ба тармими роҳҳо" ҷой доштааст.

Дар баёния омадааст, ки мақомомоти Тоҷикистон боздоштани вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистонро паёмади манфӣ дар амри субот ва амнияти иқтисодии Тоҷикистон талаққӣ мекунанд ва бо айбгузориҳои "иғвогарона" - онро «муҳосираи роҳи оҳан» Узбакистон унвон кардаанд.

Аммо мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, шояд рақамҳое, ки ҷониби Узбакистон дар изҳороти худ овардааст дуруст бошад, вале ҳоло дар қаламрави Узбакистон беш аз ҳазор вагони ҳомили борҳои мухталифи соҳибкорони тоҷик дар банд мондаанд ва тайи як моҳ мешавад, ки аз тарафи мақомоти Узбакистон иҷозаи убур дода нашудааст.
XS
SM
MD
LG