Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои давлат ноҳияе дар Ғазниро аз Толибон бозгирифтанд


Волии вилояти Ғазнии Афғонистон, мегӯяд, нерӯҳои давлат ноҳияи Хогиёниро, ки шаби якшанбе ба тасарруфи Толибон даромада буд, бозгирифтанд. Вай аз эълони тафсилот худдорӣ кард, аммо мақомоти расмӣ талафоти эҳтимолӣ дар миёни намояндагони давлат ва полис дар ин ноҳияро таҳқиқ мекунанд. Вилояти Ғазнӣ дар моҳҳои охир ба яке аз минтақаҳои ноороми Афғонистон табдил ёфтааст. Ба иллати ин интихоботи порлумонии моҳи сентябр дар ин вилоят баргузор нашуд.
XS
SM
MD
LG