Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин президенти зан дар Бразилия


Дилма Руссеф аввалин президенти зан дар Бразилия шуд. Руссефи 62-сола дар ин мақом Луис Инасио Лула да Силваро иваз мекунад. Кумиссюни интихоботии Бразилия пирӯзии хонуми Руссефро дар интихобот тасдиқ кард. Руссеф дар даври дувуми интихобот ва дар ҳоле ғалаба кард, ки президенти муваффақ Лула бино бар қонуни асосӣ ба даври савуми раёсатҷумҳурӣ ҳуқуқ надорад. Руссеф ахиран раиси дастгоҳи Лула ва пеша аз он вазири энержии Бразилия буд.
XS
SM
MD
LG