Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли сармоягузориҳои нави Саудия дар Тоҷикистон


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Сауд дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии байни ду кишварро баррасӣ карданд. Шоҳзода Холид Ал-Сауд пас аз анҷоми ин дидор гуфт, ки Арабистони Саудӣ омодаадаст дар тарҳҳои энержӣ ва иқтисодии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад ва бар замми 75 миллион доллари сармоягузориҳои феълӣ боз 190 миллион долларро аз тариқи тарҳҳои муштараки Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистон корбаст кунад. Ҳамчунин соли равон Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ созишномаи содироти нирӯи корро ба имзо расондааст.
XS
SM
MD
LG