Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 1-уми ноябр, дар шаҳри Тошканд бозиҳои чаҳорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола баргузор мешавад.

Нахуст дар варзишгоҳи «Ҷар»-и пойтахти Узбакистон дастаҳои Австралия ва Аморати Муттаҳидаи Араб қувваозмоӣ мекунанд. Ин бозӣ соати 13 бо вақти Тошканд шурӯъ мешавад.

Сипас соати 15 дар варзишгоҳи «Пахтакор» дастаҳои Узбакистон ва Сурия бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Бозии сеюми чаҳорякниҳоӣ миёни дастаҳои Ироқ ва Ҷопон соати 17 дар варзишгоҳи «Ҷар» баргузор мешавад.

Бозии охирини чаҳорякниҳоӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор» байни дастаҳои Кореяи Шимолӣ ва Урдун соати 19 оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи Тоҷикистон бо 1 имтиёз дар гурӯҳи А” мақоми охиринро ишғол кард ва аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум гашт.

Мунтахаби Узбакистон бо 7 имтиёз дар ин гурӯҳ ғолиб шуд. Тими Урдун бо 5 имтиёз дар мақоми дуввум қарор гирифт. Дастаҳои Узбакистон ва Урдун ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.

Чаҳор дастаи беҳтарини қора ба сабқати ҷаҳонии футболбозони наврас, ки соли 2011-ум дар Мексика доир хоҳад шуд, роҳхат мегиранд.
XS
SM
MD
LG