Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин раҳбари Русия дар ҷазираҳои Курил фуруд омад


Дмитрий Медведев нахустин раҳбари Русия аст, ки дар Кунашир-яке аз ҷазираҳои мавриди баҳси Курил бо Ҷопон фуруд омад. Ин дар ҳолест, ки қарор аст дар миёнаи моҳи ноябр Дмитрий Медведев барои ширкат дар мулоқоти АПЕК ё Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором вориди Ҷопон шавад. Дар поёни ҷанги дуввуми ҷаҳон Иттиҳоди Шӯравӣ ин чаҳор ҷазираро ба тасарруфи худ даровард ва аз он замон то ҳол мубоҳисоти миёни ин ду кишвар барои ҷазираҳо идома дорад. Ҷопон ин ҷазираҳоро қаламрави худ медонад. Наото Кан- нахуствазири Ҷопон ин боздиди Медведевро "хеле таассуфовар" арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG