Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик ба мусобиқоти Тошканд мераванд


Дар мусобиқоти қаҳрамонии гӯштини самбо, ки аз 4 то 8-уми ноябр дар Тошканд миёни занону мардон баргузор мешавад, Тоҷикистонро 14 варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард. Ба ҳайати мардонаи дастаи Тоҷикистон Акмалиддин Каримов дар вазни 52 кг, Наҷибулло Ҳабибов (57 кг), Суҳайлӣ Иззатов (62 кг), Ризвониддин Бурҳонов (68 кг), Сулаймон Сулаймонов (74 кг), Фурқат Назриев (82 кг), Умед Ҳасанбеков (90 кг), Набимуҳаммад Хоркашев, Нурулло Неъматов (100 кг) ва Далер Арзиев дар вазни болотар аз 100 кг шомил шудаанд. Насиба Алиматова дар вазни 48 кг, Фирӯза Асилова (52 кг) ва Дилбар Султонова (64 кг) аз дастаи занона зӯрозмоӣ мекунанд. Гуфта мешавад, дар идомаи ин мусобиқа дар Тошканд омӯзшии кӯтоҳмуддати доварон ва мурабиёни ин навъи гӯштин ҳам доир мешавад.
XS
SM
MD
LG