Пайвандҳои дастрасӣ

Хонуми машкуки яманӣ бо модараш аз боздошт раҳо шуд


Мақомоти интизомии Яман хонуми машкук Ҳасан Самавӣ-донишҷӯи 22-соларо аввал боздошт ва сипас аз боздошт раҳо карданд. Вай барои фиристодани бастаҳои маводи мунфаҷира ба Амрико муттаҳам дониста мешуд. Шарти раҳоии вай он будааст, ки дар ҳар лаҳзаи даркорӣ вай бояд дубора барои бозпурсӣ ҳозир шавад. Модари 45-солаи вай низ баъд аз боздошт раҳо шудааст. Мақомоти интизомии Яман мегӯянд, ки онҳо дар ҷустуҷӯи афроде мебошанд, ки барои фиристодани ин бастаҳо асноди ғайр ва тақаллубиро истифода кардаанд. Рӯзи ҷумъа ду бастаи маводи мунфаҷира дар Британия ва Дубай боздошта шуд. Эҳтимол меравад, ки Ал Қоида дар паси ин кор бошад. Мақомоти расмии Британия мегӯянд, ин бамҳо тарзе ҷогузорӣ шуда буданд, ки бояд дар ҳавопаймо дар ҳаво мунфаҷир мешуданд.
XS
SM
MD
LG