Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бразилия нахустин зан раиси ҷумҳур хоҳад шуд?


Дар Бразилия назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки ҳизби ҳокими номзад Дилма Рауссефф ҷонибдорони бештар дорад ва вай нахустин раиси ҷумҳури зан дар Бразилия хоҳад шуд. Назарсанҷие, ки шабакаи телевизионии Глобо анҷом додааст, нишон медиҳад, ки Роуссефф 58 дарсад ва рақиби вай Хосе Серра 42 дарсади ороро ба даст меоранд. Роуссефф аз ҳизби президенти машҳур Лула де Силва аст, ки акнун бознишаста мешавад ва дар интихобот ширкат надорад. Хонум Роуссефф раиси дафтари раёсати ҷумҳурӣ ва муддате вазири энержии Бразилия буд.
XS
SM
MD
LG