Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

177,7 миллион доллари лотореяи Итолиёро бурданд


Ҷекпоти рекордии лотореяи “Superenalotto” дар Итолиё, ки тайи 9 моҳ ба 177,7 миллион евро баробар шуда буд, рӯзи шанбе билохира соҳиб ё соҳибони худро пайдо кард. Хабаргузории маҳаллии ANSA хабар дод, ки ин маблағро чанд нафар бурдаанд. Вале шумори дақиқи барандагон ҳанӯз нашр нашудааст. Дар моҳи августи соли 2009 ҷоизаи лоторея дар Итолиё ба 147,8 миллион евро баробар шуда буд, ки рекорди Аврупо маҳсуб мешуд. Аммо дар ҷаҳон бузургтарин маблағе, ки дар лоторея бурда шудааст, баробар ба 276,6 миллион евро буда, дар моҳи марти соли 2007 насиби ду барандаи бозии лотореяи “Mega Millions” дар Амрико шуда буд.
XS
SM
MD
LG