Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркиши маргталабона дар майдони Тақсими Истамбул


Имрӯз бар асари бомбгузории эҳтимолан интиҳорӣ дар Тақсим, бузургтарин майдони Истамбул, дастикам 15 нафар ҷароҳат бардоштанд. Раҳбари пулиси ин шаҳри Туркия Ҳусейн Чапкин гуфт, дар ин ҳамла 9 афсари пулис ва 6 раҳгузар захмӣ шудаанд. Вазъи дастикам 2 захмӣ, бино ба хабарҳо, вахим арзёбӣ мешавад. Гузоришҳо ҳокист, ки таркиш дуруст дар он гӯшаи майдони Тақсим, ки нирӯҳои пулис ба манзури ҷилавгирӣ аз тазоҳурот ҷамъ шуда буд, рух додааст. Телевизиони NTV-и Туркия гуфт, ҷасади нафаре, ки бовар меравад, бомбгузори маргталаб бошад, дар наздикии марҳалли таркиш дар зери тӯдаи рӯзномаҳо хобида буд. Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе бар дӯш нагирифтааст, вале чирикиҳои курд, ки барои мухторияти сарзаминҳои курднишини ҷанубушарқи Туркия меҷанганд, ва ҳамин тавр, ҷангиёни исломӣ, дар гузашта дар Истамбул чунин ҳамлаҳои интиҳорӣ анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG