Пайвандҳои дастрасӣ

UEFA ба додгоҳи Швейтсария шикоят бурдааст


UEFA, Иттиҳодияи футболи Аврупо алайҳи як мақоми собиқи Иттиҳодияи футболи Қибрис ба додгоҳ шикоят бурдааст. Спирос Марангос иддао карда буд, ки Украина ва Лаҳистон дар ивази ришва ҳаққи мизбонии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо дар соли 2012-умро ба даст оварданд. Бино ба иддаои Марангос, 4 мақоми UEFA соли 2007 дар ивази раъйи мувофиқи худ ба номзадии Украинаву Лаҳистон 13 миллион доллар ришва гирифтаанд. UEFA хабар дод, ки алайҳи ин “иттиҳомоти беобрӯкунанд, вале ҳанӯз исботношуда” ба додгоҳи Швейтсария шикоят бурдааст. Як чунин шикояти дигар “дар сутуҳи олӣ” ба додситонии Қибрис низ ирсол шудааст.
XS
SM
MD
LG