Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Бразилия


Имрӯз дар Бразилия даври дуввуми интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ доир мешавад. Барои касби курсии раисиҷумҳури феълӣ Лула да Силва раҳбари собиқи дастгоҳи ӯ Дилма Роуссеффи 62-сола ва волии собиқи Сан-Паулу ва номзади ҳизби сотсиал-демократ Ҷозе Серра, ки 68 сол дорад, вориди рақобат мешаванд. Хонум Роуссефф, ки рӯзи 3 октябр дар даври аввали интихобот 47 дарсади ороро ба даст оварда буд, дар даври дуввум шонси бештар дорад. Назарсанҷиҳои анҷомшуда низ пирӯзии Роуссефф дар даври дуввумро рақам мезананд.
Ширкат дар интихобот барои 136 миллион воҷиди шароити раъй дар Бразилия амри ҳатмист. Барандаи интихобот аз 1 январ Лула да Силваро дар мақоми раҳбарии ин муқтадиртарин кишвари Амрикои Лотинӣ ва иқтисоди ҳаштуми дунё иваз хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG