Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи маҳаллӣ дар Украина


Имрӯз дар Украина интихоботи шӯроҳои маҳаллӣ ва шаҳрдорон идома дорад. Бино ба натоиҷи назарсанҷиҳо, интизор меравад, ҳизби ҳокими минтақаҳо нуфузи худ дар шӯроҳои маҳаллӣ дар шимол ва маркази Украинаро тақвият диҳад.
Дар бархе ҳавзаҳо то 50 ҳизбу номзадҳо сабти ном шудааст, ки мақомоти интихоботиро маҷбур ба нашри баргаҳои ҳатто нимметрӣ кардааст. Аҳзоби мухолиф бо ишора ба таҳти назорати ҳизби минтақаҳо қарор доштани 33 000 қитъаи раъйдиҳӣ ин ҳизбро ба қасди тақаллуби оро айбдор мекунанд. Вале раисиҷумҳур Виктор Янукович, ки низ аз ҳизби минтақаҳост, ваъда супурда, ки афроди дастдошта дар тахаллуфро муҷозот хоҳанд кард. Ҷараёни интихоботи маҳаллиро дар Украина ҳудуди 2500 нозири мустақил назорат хоҳанд бурд.
XS
SM
MD
LG