Пайвандҳои дастрасӣ

Русия барои Ветнам нирӯгоҳи ҳастаӣ хоҳад сохт


Русияву Ветнам имрӯз ба қарордоди тақрибан 5,6-миллиарддолларие имзо гузоштанд, ки эҳдоси нахустин нирӯгоҳи ҳастаӣ дар ин кишвари Осиёи ҷанубушарқиро ба ҳадаф дорад.
Дар расми имзои ин созишнома дар Ҳаной, пойтахти Ветнам, раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев низ ҳузур дошт.
Бар асоси ин қарордоди байнидавлатӣ, эҳдоси нирӯгоҳи ҳастаии Ветнам, иборат аз 2 реактор, соли 2014 шурӯъ шуда, бояд дар зарфи аз 3 то 5 соли дигар такмил шавад.
Бино ба гузориши Франс Пресс, Ветнам мехоҳад то 20 соли дигар 8 нирӯгоҳи ҳастаӣ бунёд кунад. Раҳбари ширкати “Росатом” Сергей Кириенко иҷрои ин барномаи пурдағдаға дар чунин ҷадвали замониро “комилан воқеъӣ” хондааст.
XS
SM
MD
LG