Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон таҳримоти байналмилалиро "беасар" медонад


Вазири бозаргонии Эрон ба равобити тиҷории Теҳрон латма задани таҳримоти байналмилалиро радд кард. Маҳдӣ Ғазанфарӣ ин таҳримотро “беасар” номид ва гуфт, ки “он то ҳол ба тиҷорати мо бо кишварҳои дигар таъсире нагузоштааст.” Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки раиси Утоқи бозаргонии Эрон Муҳаммад Наҳовандиён ҳафтае пеш гуфт, таъсири муҷозоти байналмилалӣ ба иқтисод шурӯъ шудааст. Эрон ба маҳзи саркашиаш аз қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниум дар моҳи июн таҳти таҳримоти нави Шӯрои Амнияти СММ ва ба дунбол таҳти таҳримоти сангинтари Амрикову ИА қарор гирифт.
Ғанисозии ураниум ҳам барои тавлиди маводи сӯхт ва ҳам барои сохтани бомби ҳастаӣ қобили истифода аст. Аммо Эрон мегӯяд, дар фикри сохтани бомб нест.
XS
SM
MD
LG