Пайвандҳои дастрасӣ

Саудия аҳзоби Ироқро ба Риёз даъват кард


Арабистони Саудӣ аҳзоби сиёсии Ироқро даъват кард, то дар музокироти роҳҳои хатми бӯҳрони сиёсии Ироқ дар Саудия ширкат биварзанд. Интихоботи парлумонии моҳи марти Ироқ бидуни як ғолиби мушаххас анҷом ёфт. Эътилофи сарвазири собиқ Иёд Алавӣ, ки аз сӯи сунниҳо низ пуштибонӣ мешавад, бо фарқи андаке бар эътилофи умдатан шиъаҳои сарвазир Нурӣ Моликӣ ғолиб омад, вале раҳбарони аҳзоб бар сари ташкили давлати ҷадид натавонистанд то ҳол ба тавофуқ даст биёбанд.
Подшоҳи Саудӣ Амир Абдуллоҳ дар талоше барои ҳалли мавзӯъ раисиҷумҳури Ироқ Ҷалоли Талабонӣ ва ҳамаи аҳзоби дар интихобот ширкатварзидаро даъват кард, то баъд аз анҷоми маросими Ҳаҷҷи имсола дар Риёз, пойтахти Саудӣ, гирди ҳам биоянд.
XS
SM
MD
LG