Пайвандҳои дастрасӣ

Нақшаи пахтасупорӣ барои бори аввал иҷро шуд


Пахтакорони Тоҷикистон имсол барои нахустин бор дар 19 соли истиқлолияти кишвар нақшаи пахтаро иҷро карданд.
Бино ба хабарҳо, ҳосили ҷамъоваришудаи имсола аз 170 000 ҳектар замини пахтазор алакай беш аз 300 000 тонна шудааст, ки ба ҳисоби миёна, 18,4 сентнер аз ҳар ҳектарро ташкил медиҳад. Дар солҳои шӯравӣ Тоҷикистон солона беш аз 900 000 тонна пахта ҷамъоварӣ мекард ва соли 1980 ҳатто як дафъа марзи 1 миллион тоннаро ҳам убур карда буд. Иҷрои нақшаи пахтасупорӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба гунаи дар 140 соли охир бесобиқа боло рафта, болиғ аз 1400 доллар барои ҳар тонна шудааст.
XS
SM
MD
LG