Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз шудани парванда алайҳи ронандаи МАЗ Бегишоев


Додситонии вилояти Тулаи Русия алайҳи шаҳрванди Тоҷикистон Давлатшо Бегишоев бо иттиҳоми нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси ҳалокати инсон шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз кард. Мошини МАЗ-и Бегишоев субҳи шанбе дар шаҳри Тула бо BMW-и хидматии фармондеҳи нирӯҳои десанти ҳавоии артиши Русия генерал-лейтенант Владимир Шаманов бархӯрд. Дар натиҷаи сониҳа ронандаи мошини Шаманов ҳалок шуда, худи генерал ҳамсафарони ӯ сарҳанг Алексей Науметс ва сарҳанг Олег Черноус маҷрӯҳ шуданд.
Владимир Шамановро барои идомаи табобат ба бемористони Бурденкои шаҳри Маскав интиқол додаанд. Ӯро дар бемористон сарвазири Русия Владимир Путин аёдат кард.
Владимир Шаманов шахсияти зиддунақизе дар таърихи муосири Русия маҳсуб шуда, барои ҷанги Чеченистон унвони Қаҳрамони Русияро дарёфт кардааст, вале гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар ӯро ба даст доштан дар ҷиноёти ҷанг айбдор мекунанд. Ӯ як муддат волии вилояти Уляновск ҳам буд.
XS
SM
MD
LG