Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

180 сокини вилояти Хатлон дар садади муҳоҷирати корӣ ба Имороти Муттаҳидаи Араб ва шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳастанд. Дар Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки феълан умури таҳияи асноди ин муҳоҷирони корӣ ҷараён дорад.

Олим Нурматов, корманди масъули хадамоти муҳоҷирати Хатлон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ахиран ҳама 180 муҳоҷири кори потенсиалӣ аз давраҳои омӯзишии забонҳои арабӣ ва англисӣ, ҳамчунин қонунҳои вобаста ба муҳоҷирати корӣ дар Тоҷикистону кишварҳои арабӣ гузаштаанд:

«Дар байнашон ҳам духтурон ҳастанд, ҳам сохтмончиён. Шартномаҳояшон баста шудааст. Бояд ояндаи наздик онҳо равона карда шаванд. Фақат масъалаи омӯзишашон ба мо дахл дошт, ки мо барои онҳо курсҳои кӯтоҳмуддат ташкл кардем ва гузаронидем».

Ба масоили муҳоҷирати расмии корӣ ба кишварҳои шарқӣ, бавижа ирсоли 180 сокини Хатлон ба Арабистони Саудӣ ширкати хусусии мавсум ба «Замони Юнус» сарукор доштааст.

Хоҳишмандон ҳуҷҷат супурда... ба Русия рафтанд

Талошҳои радиои Озодӣ барои анҷоми сӯҳбат бо раҳбарияти ин ширкат бидуни натиҷа анҷом ёфт. Танҳо як масъули ширкат дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, барои нахустин бор гурӯҳи муҳоҷирони корӣ ба кишварҳои арабӣ фиристода хоҳад шуд:

«То ҳозир ягон ширкат, ягон одам ягон нафарро ба Арабистони Саудӣ расман барои коркунӣ набурдааст. Аз Хатлон бисёре аз муҳоҷироне, ки ҳуҷҷатҳояшонро мо гирифтаем, ҳоло ба Русия мардикорӣ рафтаанд. Аммо ҳар вақте онҳо баргаштанд ва масъалаи муҳоҷирати корӣ ба Арабистон ҳал шуд, мо онҳоро ба ягон гурӯҳи дигар шомил карда, ҳатман ба муҳоҷирати корӣ хоҳем фиристод».

Ин ҳама дар ҳолест, ки Шариф ном як ҷавони 30-сола, ки худ сокини ноҳияи Вахш асту дар Қӯрғонтеппа мардикорӣ мекунад, мегӯяд, қариб як сол муқаддам ҳуҷҷатҳояшро барои рафтан ба муҳоҷирати корӣ ба Арабистони Саудӣ супурдааст, аммо то ҳанӯз ҳеҷ посухе дар ҷавоб нагирифтааст.

Дар интизории сафар ба Арабистон

Шариф мегӯяд, ҳоло мунтазир аст, ки кай ба Саудия мардикорӣ меравад ва барои бунёди манзили зист ва хатнатӯйи писаронаш пул кор мекунад. Ҳоло Шариф дар бозори мардикорони Қӯрғонтеппа аст. Ӯ барои таъмини рӯзгор ба ҳар кори мавсимӣ машғул мешавад:

"Аз набудани ҷойи кор, шароити бади зиндагӣ, ба ҳамин мардикорбозор омадаам. Рӯзе мешавад, ки 15, рӯзи дигар - 20 сомонӣ дастмузд меёбам, бо ҳамин роҳ зиндагиро пеш мебарам. Хайр, шукрона мекунем, ки аз роҳи дуруст ва ҳалол ин пулро меёбем. Агар ҳамин масъалаи муҳоҷират ба Арабистони Саудӣ ҳал шавад, шояд зиндагии оилаи мо беҳтар шавад".

Ва аммо коршиносони масоили муҳоҷирати корӣ мегӯянд, азбаски муҳоҷират ба кишварҳои шарқӣ як ҷараёни нав аст ва аксари муҳоҷирони корӣ аз шароити будубош ва кори сангин дар Русия хаста шудаанд, ҳоло бисёре аз ҷавонони қобили кор майли ҳиҷрат ба кишварҳои арабиро доранд.

Воситабозии масъулини давлатӣ

Муҳаббат Мирзораҳимова, рамояндаи созмони ҷамъиятии "Муҳоҷират"
Муҳаббат Мирзораҳимова, намояндаи созмони ҷамъиятии «Муҳоҷират», мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба ҳамин алоқамандии ҷавонон, гоҳе мақомоти масъули давлатӣ талош мекунанд одамони, ба истилоҳ, «худӣ»-ро равонаи кишварҳои шарқӣ намоянд:

«Ба наздикӣ дар як вохӯрӣ будем. Раиси дафтари саҳроии САҲА дар Қӯрғонтеппа як фактро мисол овард, ки чанд нафар кафшергари барқӣ ба Қатар лозим шудаанд, тибқи кадом шартномае як ширкати тоҷикӣ чанд нафарро равон кардааст. Лекин дар ниҳоят маълум шудааст, ки инҳо умуман аз касби кафшергарӣ дарак надоштаанд. Вақте ки дар Қатар ин кор аз дасташон наомадааст, кордиҳанда онҳоро дубора ба ватанашон фиристодааст ва ба қароре расидааст, ки аз Тоҷикистон дигар «мутахассис» даъват накунад. Чунки нафаре, ки миёнарав шудааст, дидааст, ки маблағи хубе ваъда шудааст, асосан 3-4 хешу табори худашро ҷамъ карда, фиристодааст, ки онҳо умуман аз касби кафшергарӣ бехабар будаанд».

Бо ин ҳама, хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон мегӯяд, тибқи шартномаи басташуда, ба кишвари муҳоҷират бояд танҳо афроди ихтисосманд ирсол карда шаванд.

Кишварҳои арабӣ ҳамчунин феҳрастеро иборат аз номгӯйи мутахассисоне тартиб додаст, ки ба онҳо ниёз дорад. Зимнан, қарор аст, ояндаи наздик 180 муҳоҷири хатлонии соҳиби касбу кори гуногун, аз ҷумла ихтисосмандони ҷаҳонгардию меҳмонхонадорӣ, пизишкон, ронандагони мошинҳои сабукраву боркаш, муҳандисони роҳсозу хонасоз ва подабонҳо ба кишварҳои арабӣ барои кор фиристода шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG