Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти марзбонии Узбакистон бо ирсоли як номаи расмӣ унвонии ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон огаҳӣ додаанд, ки сар аз 1-уми ноябри соли ҷорӣ гузаргоҳи гумрукии Ҷартеппа-Саразм, воқеъ дар минтақаи Зарафшон, баста хоҳад шуд.

Дар ин нома, ки дар таърихи 21-уми октябр ирсол шудааст, ҷониби Узбакистон таъкид кардааст, пас аз 1-уми ноябр равуои шаҳрвандон ва убуру мурури воситаҳои нақлиётӣ тавассути ин гузаргоҳи марзӣ ба куллӣ манъ карда хоҳад шуд.

Ба гуфтаи сокинони наздимарзии ноҳияи Панҷакент, аллакай тайи якчанд рӯзи ахир рафтуомад тавассути гузаргоҳи Саразм-Ҷартеппа маҳдуд шудааст.

Ҷониби Узбакистон то ҳол сабаби бастани ягона гузаргоҳи сарҳадӣ дар минтақаи Зарафшонро шарҳ надодааст. Намояндагони бахши гумруки ноҳияи Панҷакент мегӯянд, ба муроҷиати онҳо дар ин робита мақомоти кишвари ҳамсоя посухе нагуфтаанд.

Масъулини бахши марзбонӣ ва гумруки ноҳияи Панҷакент мегӯянд, гузаргоҳи Ҷартеппа-Саразм гузаргоҳи байнулмилалист ва якҷониба бастани он хилофи қонунҳои байнулмилалӣ ва созишномаи дуҷонибаи гумрукӣ миёни Узбакистон ва Тоҷикистон аст. Тибқи созишномае, ки соли 2000-ум парлумонҳои ду кишвар тасвиб карданд, гузаргоҳҳои марзӣ танҳо бо қарори ду ҷониб баста мешавад.

Тасмими мақомоти Узбакистон мардуми водии Зарафшонро нигарон кардааст. Исрофил Исмоилов, сарвари бахши гумруки ноҳияи Панҷакент, мегӯяд, дар сурати баста шудани ин роҳ сокинони ноҳияи Панҷакент ва ҳамчунин тамоми минтақаи Зарафшон дар фасли сармо ба мушкилӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Водии Зарафшон бо беш аз 300 ҳазор аҳолӣ ҳарсола дар фасли зимистон бо баста шудани гарданаи Шаҳристон ва нақби Анзоб дар инзивои нақлиётӣ қарор мегирад. Ва дар ин фаслҳо ягона роҳи бурунрафт ба маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд рафтан ва ҳамчунин ба шаҳри Душанбе роҳи гузаргоҳи Саразм-Ҷартеппа боқӣ мемонад.

Гузаргоҳи Саразм-Ҷартеппа ягона гузаргоҳи марзӣ дар водии Зарафшон аст. Ин гузаргоҳ дар иқтисоди манотиқи наздимарзии ҳарду кишвар нақши калидӣ дорад. Бахши аъзами молу колоҳои бозорҳои водии Зарафшон аз ҳамин роҳ ворид мешуд. Корхонаи муштараки истихроҷи тилои Тоҷикистону Чин низ маводу масолеҳи заруриро тавассути гузаргоҳи Саразм-Ҷартеппа ворид мекард.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, баста шудани гузаргоҳ ҳамчунин мушкили дидорбинии наздикону пайвандон дар ду ҷониби марзро дучанд хоҳад кард. Аҳолии манотиқи наздимарзӣ, ки дар тӯли таърих шоҳиди марзи баста ва симхорҳо набуданд, ба ҳамдигар қаробати хешутаборӣ доранд ва акнун маҷбур хоҳанд шуд, ки тавассути роҳи тӯлонии Хуҷанд ва Душанбе ба дидори пайвандон бирасанд, ё даст ба марзшиканӣ зананд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG