Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико бар "бомбфиристӣ" изи Ал-Қоидаро мебинад


Вазири амнияти дохилии Амрико Ҷанет Наполитано гуфт, дар талоши гузоштани маводи мунфаҷира дар ҳавопаймоҳои амрикоӣ изи шабакаи Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб дида мешавад. Хонум Наполитано аз мақомоти Арабистони Саудӣ ситоиш кард, ки дар бораи ин бастаҳои машкук ба мақомоти Амрико хабар доданд. Ду бастаи ҳомили маводи мунфаҷира, ки аз Яман ирсол шуда буд, рӯзи ҷумъа дар роҳ ба сӯи Амрико дар Дубай ва Бритониё кашф шуд. Вазири умури дохилии Бритониё Тереза Мей гуфт, маводи ёфтшуда дар фурудгоҳи Ист Мидлендз “фаъол” буд ва метавонист дар дохили ҳавопаймо битаркад. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ин бастаҳои кашфшуда дар Дубай ва Бритониёро “таҳдиди террористии боваркарданӣ” номид ва гуфт, ҳадаф ду маъбади яҳудӣ дар Чикаго будааст.
Нирӯҳои Яман ба ҷустуҷӯи омилони эҳтимолии ин “бомбфиристӣ” пардохта, тадобири амниятиро дар фурудгоҳҳо ва бандарҳои кишвар низ шадидтар кардаанд.
XS
SM
MD
LG