Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Маскав аз ҳаққи Медведев ба сафари Курил


Маскав аз ҳаққи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев барои боздид аз ҷазираҳои баҳсии Курил дифоъ кард. Ин ба дунболи ҳушдори Ҷопон аст, ки гуфт, чунин иқдом метавонад ба равобити Токиову Маскав латма бизанад.
Аммо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар Ҳаной, пойтахти Ветнам, гуфт, раисиҷумҳури Русия “маҳалли сафарҳои дохилиаш дар саросари кишварро мустақилона барномарезӣ мекунад.” Медведев батакрор паём додааст, ки мехоҳад аз ҷазоири Курил дидан кунад. Ин сафар бояд дар поёни моҳи сентябр барпо мешуд, вале Медведев гуфт, ба иллати вазъи номусоиди ҳаво аз сафар худдорӣ кардааст.
Ҷазоири Курил, воқеъ дар шимоли ҷазираи Ҳокайдои Ҷопон, соли 1945 дар поёни ҷанги дуввуми ҷаҳон аз сӯи нирӯҳои шӯравӣ тасарруф шуд. Аммо Токио то ҳол 4 ҷазира дар ҷануби Курилро қаламрави худ мешиносад.
XS
SM
MD
LG