Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Осиё муштоқи ҳамкории ҳастаӣ бо Маскав аст


Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, кишварҳои қораи Осиё муштоқи ҳамкорӣ дар бахши нирӯи ҳастаӣ бо Маскав мебошанд. Лавров дар Ҳаной, пойтахти Ветнам гуфт, “шарикони мо ба энержии ҳастаӣ таваҷҷӯҳи бавижа нишон медиҳанд.”
Ӯ дар ин сафар раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведевро ҳамроҳӣ мекунад, ки дар нишасти сарони ASEAN, Иттиҳодияи кишварҳои Осиёи ҷанубушарқӣ, ширкат меварзад. Русияву Амрико ҳарду рӯзи шанбе расман узви ин созмон шуданд.
Қарор аст, дар пайи ин нишаст Медведев бо раҳбарони Ветнам қарордоди чандмиллиарддолларии бунёди нахустин нирӯгоҳи ҳастаӣ дар ин кишварро имзо кунад.
XS
SM
MD
LG