Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъқиби омилони бастаҳои аз Яман ба Амрико ирсолшуда


Нирӯҳои Яман ба ҷустуҷӯи он ҷангиёни Ал-Қоида пардохтаанд, ки ба қасди бомбгузории ду муассисаи яҳудӣ дар Чикагои Амрико тавассути ирсоли бастаҳои ҳомили маводи мунфаҷира бо почта гумонбар дониста мешаванд. Мақомоти яманӣ мегӯянд, тадобири амниятиро дар фурудгоҳҳо ва бандарҳо шадид кардаанд. Ин иқдомот дар пайи рӯзи ҷумъа дар роҳ ба Амрико ошкор шудани ду бастаи ҳомили маводи мунфаҷираест, ки аз Яман ирсол шудаанд. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ин бастаҳои кашфшуда дар Дубай ва Бритониёро “таҳдиди террористии боваркарданӣ” номид: “Шаби панҷшанбе ва субҳи ҷумъа, маъмурони иктишофиву интизомии мо дар ҳамкорӣ бо дӯстону муттаҳидинамон ду бастаи машкуки роҳии Иёлоти Муттаҳидаро ошкор карданд, ки ду маъбади яҳудӣ дар Чикагоро ба ҳадаф дошт.”
Пулиси Дубай гуфт, бастаи маводи мунфаҷирае, ки дар ин ҷо дар амбори ширкати FedEx кашф шуд, шабеҳи шеваи амали созмонҳои террористие, чун Ал-Қоида аст.
XS
SM
MD
LG