Пайвандҳои дастрасӣ

Сониҳаи мошини генерал Шаманов бо мошини ду тоҷик


Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Тулаи Русия дар пайи сониҳаи нақлиётие, ки мунҷар ба ҷароҳат бардоштани фармондеҳи нирӯҳои десанти ҳавоии артиши Русия генерал-лейтенант Владимир Шаманов ва ҳалокати ронандаи мошини ӯ шуд, боздошт шудаанд. Бино ба хабарҳо, мошини МАЗ-еро, ки субҳи шанбе дар Тула ба “BMW”-и хидматии генерал Шаманов бархӯрд, яке аз ин шаҳрванди тоҷик ронандагӣ мекард.
Мақомот мегӯянд, сониҳа бо айби ронандаи МАЗ рух дода, бар асари он сарҳанг Алексей Науметс, фармондеҳи дивизияи нирӯҳои десанти ҳавоӣ дар Тула низ сахт захмӣ шудааст.
Генерал Шаманов ҷароҳатҳои миёна бардошта, ӯро барои табобат ба бемористони Бурденкои шаҳри Маскав бурдаанд.
XS
SM
MD
LG