Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар номаи дастаҷамъонаи худ ба унвонии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафирони Амрико, Бритониё, Олмон, Фаронса ва Иттиҳоди Аврупо дар робита ба мушкилоти расонаҳои ғайриҳукуматии кишвар ва фишорҳои мақомоти давлатӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.

Дипломатҳои хориҷӣ дар ин нома аз ҷумла гуфтаанд, ки нашри ҳафтаномаҳои «Фараж», «Пайкон» ва «Нигоҳ» ва ҳамчунин дастрасӣ ба сомонаҳои иттилоотии мустақили Tojnews.tj, Avesta.tj, Tjknews.com, Centrasia.ru ва Ferghana.ru бо амри мансабдорони давлатӣ қатъ шудааст.

Дархости ҳалли зудҳангом ва мусолиматомези масъала

Дамиан Вамплер, сухангӯи сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, сафирон ҳамчунин ба баёнияҳои бархе аз мақомоти расмии кишвар бо танқиди кори расонаҳои хабарӣ, ба мавориди боздошти хабарнигорон ва тӯл кашидани мурофиаҳои додгоҳӣ алайҳи нашрияҳои мунтақиди давлат, мисоли «Азия-плюс», «Фараж», «Озодагон», «Пайкон» ва «Миллат» таъкид кардаанд. Сухангӯи сафорати Амрико ҳамчунин гуфт:

«Ин қазияҳо бадшавии фазоро барои расонаҳои хабарии Тоҷикистон инъикос менамоянд. Сафирон аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват кардаанд, ки масъулияти худ дар чаҳорчӯби Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо оиди озодии матбуотро ба ҷо биёрад. Хусусан ҳукумат набояд ба нашр шудани рӯзномаҳо дахолат кунад ва бояд дастрасии бемамониятро ба ҳамаи сомонаҳои интернетии васоити ахбори омма таъмин намояд. Онҳо инчунин даъват намуданд, то парвандаҳои судии рӯзномаҳои мустақил зудтар ва мусолиматомезона ҳал шаванд. Сафирон аз ҳукумати Тоҷикистон исроркорона даъват ба ҷо оварданд, ба рӯзноманигорон иҷозати дастрасии озод ба иттилооти воқеӣ дода шавад, то ки мардуми Тоҷикистон аз ҳуқуқ ба иттилоот маҳрум нагарданд».

Номаи сафирони хориҷӣ аллакай ба дасти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон расидааст. Давлат Назриев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, ин нома дар айни ҳол мавриди омӯзиши вазир қарор дорад.

Чаро расонаҳо маҳдуд шуданд?

Маҳдудиятҳо дар кори бархе аз расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар ҳафтаҳои аввали амалиёти низомӣ дар Рашт, ба хусус пас аз интиқоди шадиди вазири дифоъ аз баъзе расонаҳо барои инъикоси ба гуфтаи ӯ, нодурусти рӯйдодҳои шарқи кишвар, шурӯъ шуд.

Пас аз ин изҳорот дастрасӣ ба чанд сомонаи интернетӣ, аз ҷумла avesta.tj, tojnews.tj, ferghana.ru ва centrasia.ru масдуд шуд. Мақомот сабаби баста шудани торнамоҳоро мушкилоти фаннӣ арзёбӣ мекунанд. Раҳмоналӣ Ҳасанов, сардори раёсати алоқа ва иттилоотонии вазорати нақлиёту мухобироти Тоҷикистон, дар ин иртибот мегӯяд:

«Ин ба сабабҳои техникӣ вайрон шудааст. Ҳоло хадамоти фаннии вазорати мо ба дуруст кардани хатҳо ва ноқилҳо машғуланд. Моро огоҳ кардаанд, ки ба сабабҳои техникӣ, муваққатан дастрасӣ ба чанд сомонаи интернетӣ маҳдуд хоҳад шуд...»

Аммо ҷаноби Ҳасанов нагуфт, ки кай, ба гуфтаи худаш, ин «мушкили техникӣ» ислоҳ ва дастрасӣ ба сомонаҳо мумкин хоҳад шуд.

"Овози бақувват" шояд зудтар шунида шавад

Бо ин ҳол, бархе аз таҳлилгарон маҳдудшавии дастрасӣ ба сомонаҳои хабариро натиҷаи фишорҳои ниҳодҳои давлатӣ ба расонаҳои мустақил меноманд. Парвина Ибодова, раиси Иттиҳодияи дастраскунандагони интернет дар Тоҷикистон, мегӯяд, аз ирсоли номаи сафирони хориҷӣ ба унвонии вазорати умури хориҷӣ истиқбол намуда, онро як гоми муассир барои ислоҳи вазъ арзёбӣ мекунад:

«Фикр мекунам, ки фиристодани нома ба вазорати хориҷӣ яке аз роҳҳои дурусти дахолат ба вазъият аст. Вақте, ки ташкилотҳои ғайриҳукуматии дохилӣ, масъулони худи расонаҳои басташуда ва ҷомеаи журналистии худи Тоҷикистон садо баланд мекунанд, ин як тарафи масъала, аммо вақте сафоратҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ин масъаларо бардоранд, барои мо хеле кӯмак мекунад. Зеро «овози онҳо хеле бақувват аст» ва шояд зудтар шунида хоҳад шуд. Бисёре аз расонаҳои басташуда дахолати дипломатҳои хориҷӣ ба мушкилашонро ҳамчун як роҳи расидан ба ислоҳи вазъ арзёбӣ мекунанд...»

Бо ин ҳам, аз замони масдуд шудани дастрасӣ ба сомонаҳои хабарии Tojnews.tj, Avesta.tj, Centrasia.ru як моҳ ва аз замони ба тавқиф афтодани нашри ҳафтаномаҳои «Фараж»-у «Пайкон» ва «Нигоҳ» се ҳафта сипарӣ мешавад.

Парвина Ибодова, раиси Иттиҳодияи дастраскунандагони интернет ва муассисони баъзе аз расонаҳои хабарии аз нашр бозмонда мегӯянд, ҳарчанд ба ислоҳи зудҳангоми вазъи расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон мутмаин нестанд, аммо умедашон ин аст, ки мақомот даъвати дипломатҳои ғарбиро барои таъмини озодии баён нодида нахоҳанд гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG