Пайвандҳои дастрасӣ

Тадич: Белград таъқиби Младичро идома хоҳад дод


Раисиҷумҳури Сербистон Борис Тадич гуфт, агар фармондеҳи собиқи нирӯҳои серби Буснӣ Радко Младич дар қаламрави дастраси нирӯҳои амниятии Сербистон қарор дошта бошад, ӯ ба боздошт шуданаш шакке надорад.Тадич дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Blic” ҳамчунин гуфт, “ҳатто агар Младич дар дастраси мо набошад, мо ҳамкориро бо ниҳодҳои амниятӣ дар саросари ҷаҳон то замони ба даст омадани ӯ идома хоҳем дод.” Рӯзи панҷшанбе Белград маблағи ҷоиза барои боздошти генерал Младичро, ки додгоҳи Ҳейг ӯро ба қатли омми мардуми мусалмони Сребренитса муттаҳам мекунад, 10 маротиба боло бурд ва ба 14 миллион доллар расонд. Боздошти ҷинояткорони ҷанг, аз ҷумла Младич, як шарти пешрафт дар музокироти номзадии Сербистон ба узвият дар ИА шумурда мешавад.
XS
SM
MD
LG