Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ташреҳи амалиёти Амрикову Русияро хостааст


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар мавриди амалиёти зидди қочоқи маводи мухаддир, ки Амрикову Русия бидуни иҷозати давлати ӯ анҷом додаанд, аз фармондеҳии паймони низомии НАТО ташреҳ хост. Рӯзи ҷумъа раҳбари идораи мубориза бо маводи мухаддири Русия Виктор Иванов гуфт, ки Русияву Амрико дар нахустин амалиёти муштараки худ дар Афғонистон 4 коргоҳи тавлиди маводи мухаддирро тахриб карда, беш аз 1 тонна ҳероину морфин ба маблағи 250 миллион долларро аз байн бурдаанд. Русия аксар вақт сиёсатҳои, ба гуфтаи Маскав, нокофии нирӯҳои Амрикову НАТО алайҳи маводи мухаддир дар Афғонистонро интиқод карда, мегуфт, чунин шеваи бархӯрд боиси афзоиши қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Русия аз роҳи Осиёи Марказӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG