Пайвандҳои дастрасӣ

Тасвиби паймони ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист


Намояндагони 193 кишвари ҷаҳон бар сари паймони ҷаҳоние, ки ҳифзи ҷангалистонҳо, марҷонҷазираҳо ва дигар анвоъи таҳти хатари нобудӣ қароргирифтаи шабакоти зистмуҳитиро ба ҳадаф дорад, тавофуқ кардаанд. Ин паймон, ки дар нишасти СММ дар Нагойяи Ҷопон тасвиб шуд, кишварҳоро ба иқдомоти “муассир ва оҷил” дар амри пешгирӣ аз талафи бештари гуногуннавъии биологии ҷаҳон ӯҳдадор мекунад.
Як тавофуқи муҳим тааҳҳуди кишварҳо ҷиҳати ҳифзи 17 дарсади замин ва 10 дарсади уқёнусҳо ба мақсади таъмини шукуфоии гуногуннавъии биологист. Феълан танҳо 13 дарсади замин ва 1 дарсади уқёнус таҳти чунин ҳифозат қарор дорад.
XS
SM
MD
LG