Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти як узви парлумони Аврупо аз тарҳи Роғун


Струан Стивенсон, раҳбари гурӯҳи зистмуҳитии парлумони Аврупо дар пайи сафари моҳи гузаштааш ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун, дар номае ба раиси парлумони Аврупо Йержӣ Бузек ва сарвазири Бритониё Девид Камерон аз тарҳҳои энержии Тоҷикистон пуштибонӣ кардааст.

Оқои Стивенсон дар ин нома, содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаро, ки ӯ як минтақаи хеле ҳассос ва ноором ба қаламаш медиҳад, саҳми муҳиме дар истиқрори субот дар Афғонистони ҷангзада хонда, иддаои Узбакистон дар мавриди пайомадҳои манфии бунёди нерӯгоҳи азими Роғун барои кишварҳои поёнобро радд кардааст.

Ин вакили парлумони Аврупо хостори истиқболи Ғарб аз ибтикорҳои Душанбе дар бахши обу энержӣ шудааст.

Имтиҳони ҷиддӣ бароиТоҷикистон

Бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар миёнаҳои солҳои 1970-уми шӯравӣ шурӯъ шуда, вале бо далелҳои фанниву молӣ анҷомношуда монд.

Мутахассисони фаннӣ ин пружаро хеле мушкил ва серхарҷ арзёбӣ мекунанд ва пешгӯӣ мекунанд, ки ҳоло мушкилоти Тоҷикистон барои анҷоми пурраи ин тарҳ ҳатто дар сурати набуди мухолифатҳои ҷонибҳои дуюму сеюм дар пеш аст. Чунки дар баробари пулу харҷи зиёд, ин нерӯгоҳ ба мутахассисони касбӣ ниёзманд аст.

Аз тарафи дигар, давлати Узбакистон – ашаддитарин мухолифи ин тарҳ мебошад. Ҳукумати Ӯзбакистон мегӯяд, бунёди обанбори азим барои Роғун, дар Тоҷикистон сабаби коҳиши маҷрои об ба кишварҳои поёноб шуда ва ба вазъи муҳити зист ва зиндагии мардум дар Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ мегузорад.

Аммо Тоҷикистон ин иддаъоро беасос хонда ва мегӯяд, зимни тақсими об бо ҳамсояҳояш беадолатӣ нахоҳад кард. Дар сурати такмил, нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегават соат, қодир ба тавлиди бештар аз 13 миллиард киловат соат нерӯи барқ дар як сол хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG