Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи ду бастаи машкук дар роҳи ба сӯи Амрико


Яман гуфт, қазияи аз ин кишвар ба Амрико фиристода шудани ду бастаи ҳомили маводи мунфаҷираро таҳқиқ мекунад. Хабаргузории расмии Сабо аз қавли як мақоми аршади Яман хабар дод, ки ин таҳқиқот дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб ва Бритониёву Амрико анҷом хоҳад шуд.
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ин бастаҳои рӯзи ҷумъа кашфшударо, ки тавассути Дубай ва Бритониё ба Амрико мерафтанд, “таҳдиди террористии боваркарданӣ” номид: “Шаби панҷшанбе ва субҳи ҷумъа, маъмурони иктишофиву интизомии мо дар ҳамкорӣ бо дӯстону муттаҳидинамон ду бастаи машкуки роҳии Иёлоти Муттаҳидаро ошкор карданд, ки ду маъбади яҳудӣ дар Чикагоро ба ҳадаф дошт.”
Пулиси Дубай гуфт, бастаи маводи мунфаҷирае, ки рӯзи ҷумъа дар ин ҷо дар роҳ аз Яман ба Амрико кашф шуд, шабеҳи шеваи амали созмонҳои террористие, чун Ал-Қоида аст. Ин баста тавассути ширкати FedEx ирсол шуда буд.
XS
SM
MD
LG