Пайвандҳои дастрасӣ

Борони сели ғайриинтизор ва кӯтоҳмуддат, 5 хонаводаи деҳаи Шошбувади ноҳияи Роштқалъаро аз манзилҳояшон берун сохт. Ба гуфтаи роҳбари барномаи расидагӣ ба ҳолатҳои изтирории ташкилоти «Фокус» дар Хоруғ Абдулҳамид Ғаёсов, вақте, ки сокинон оиди ҳодиса хабар дода хостори кӯмак шуданд, онҳо дар аввал бовар накарданд

Зеро дар ин вақт дар маркази ноҳия ва маҳалҳои болотар аз Шошбувад ҳаво софу беғубор ва нишонае аз боронгарӣ вуҷуд ҳам надоштааст. Вай афзуд, ҳангоме мутахасисон ба маҳал рафтанд, дарёфтанд, ки якчанд манзил аз боронгарии шадид пурра нам гирифта, сокинон онҳоро муваққатан тарк кардаанд ва ба хаймаҳо эҳтиёҷ доранд.

Боронгариҳои ғайримунтазира

Ба гуфтаи сокинон, дар маҳалли дурдасти онҳо борон одатан кам меборид ва аз ин рӯ манзилҳои бештари сокинон болопӯши тунукагӣ надоранд. Аммо борони сели шадид аз қабати ғавси хоки болои бом гузашта даруни манзилҳои истиқоматиашонро намнок гардонидааст.

Сокини деҳа Абдулҳаким Худоназаров мегӯяд, ки солҳои охир онҳо таъсири ҳаводиси табиатро ба рӯзгорашон ҳар чӣ бештар эҳсос мекунанд.

Ба иттилоъи сардори ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон Дӯстӣ Худоёров, чунин боришоти борони сели ғайриинтизор ва дар як маҳал барояшон ҳаводиси нав ҳаст, ки дар натиҷаи таъсири тағъйирёбии иқлим ба вуқӯъ мепайванданд. Вай гуфт, ки ба ғайр аз деҳаи Шошбувад, борони кӯтоҳмуддати шадид, дар маркази ноҳияи Мурғоб бозори марказии ноҳия ва 8 манзили истиқоматиро хароб кард.

Дар ҳамин ҳол сокинони деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим аз нам гирифтани замин нигарон ҳастанд ва мегӯянд, ки намӣ боиси харобшавии манзилҳояшон мегардад.

Роҳбари барномаи расидагӣ ба ҳолатҳои изтирории «Фокус» Абдулҳамид Ғаёсов мегӯяд, ки мутахасисони ташкилоти онҳо ҳадди ақал ду хонаводаи деҳотро таҳқиқ карданд, ки бошандагонашон ба манзури берун кашидани оби зеризаминӣ маҷбур шуданд, ки дар даруни манзилҳои истиқоматиашон дастгоҳҳои обкашӣ насб кунанд.

Осебдидагон ба кӯмак ниёз доранд

Сокини деҳаи Зонг Зайналхони Исҳоқ мегӯяд, ки бар асари намӣ ва пайдо шудани оби зеризаминӣ, на фақат дар якчанд хона зарурат ба дастгоҳҳои обкаши пайдо шуд, балки теппаи назди деҳааашон аз намӣ шикофҳо пайдо карда, сокинон аз зери хоки теппа мондан хавф мебаранд.

Заминларзаҳо ва боришоти ғайриоддӣ, ки фақат дар як маҳали Бадахшон рух медиҳад, ҳаёти иҷтимоии сокинонро дигаргун сохтаанд.

Сокинони деҳоти дурдасти навоеҳи Роштқалъа ва Ишкошим, ки ҷиҳати боришоти ками борон ба болопӯш кардани хонаҳояшон эҳтиёҷ надоштанд, акнун аз хавфи зери борон мондан дар ҷустуҷӯи чӯбу тахта ва тунука ҳастанд. Аммо бештари онҳое, ки имконияти хариди масолеҳи сохтмониро надоранд, барои наҷот аз дарунравии борон, селофан ва ё болопӯши полиэтиленӣ дастрас мекунанд.

Заминларзаҳои ғайриоддӣ дар Бадахшон дар маҳаллҳои Бағуши ноҳияи Ишкошим, маркази ноҳияи Ванҷ ва Шаймоқи ноҳияи Мурғоб рух додаанд, ки онҳоро фақат сокинони ин маҳаллот эҳсос карданд. Ба иттилоъи ситоди ҳолатҳои изтирории вилоят, дар маркази ноҳияи Ванҷ аз оғози сол то ба ҳол зиёда аз 582 маротиба такони замин ба қайд гирифта щудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG