Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳимояти як узви парлумони Аврупо аз тарҳи Роғун


Струан Стивенсон, раҳбари гурӯҳи зистмуҳитии парлумони Аврупо дар пайи сафари моҳи гузаштааш ба маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун дар номае ба раиси парлумони Аврупо Йержӣ Бузек ва сарвазири Бритониё Девид Камерон аз тарҳҳои энержии Тоҷикистон пуштибонӣ кардааст.
Оқои Стивенсон дар ин нома содироти нирӯи барқи Тоҷикистон ба кишварҳои минтақаро, ки ӯ як минтақаи хелле ҳассос ва ноором ба қаламаш медиҳад, саҳми муҳиме дар истиқрори субот дар Афғонистони ҷангзада хонда, иддаои Узбакистон дар мавриди пайомадҳои манфии бунёди нирӯгоҳи азими Роғун барои кишварҳои поёнобро радд кардааст. Ин вакили парлумони Аврупо хостори истиқболи Ғарб аз ибтикорҳои Душанбе дар соҳоти обу энержӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG