Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар пояи як пажӯҳиш, дар Бурҷи Каҳкашон, саёраи мо танҳо нест ва "бародарон" ҳам дорад, аммо барои ёфтани онҳо солҳо зарур аст. Олимон мегӯянд, яке аз чаҳор ситораи шабеҳи Офтоб дар Роҳи Каҳкашон метавонанд, саёраҳое баробари Замин дошта бошанд, ки ин эҳтимоли мавҷудияти низомҳои қобили зист дар кайҳонро бештар мекунад.

Донишгоҳи Коламбияи Амрико, ки бо кӯмаки молии НАСА, Оҷонси кайҳоншиносии Иёлоти Муттаҳида, ба ситораву саёрашумории бесобиқа машғул аст мегӯяд, дар фосилаи наздик ба ситораҳо, назар ба саёраҳои бузург, саёраҳои хурдтар давр мезананд.

Ҷефф Мерсӣ, яке аз муаллифони пажӯҳиш, ки дар воқеъ ба ситорашуморӣ машғул аст, мегӯяд, ҳудуди 200 миллиард ситора дар Роҳи Каҳкашон ҳаст, ки дар атрофашон тақрибан 46 миллиард саёраи баробар бо курраи Замин доранд ва ба ин ҳисоб саёраҳое шомил намешаванд, ки дар фосилаи дуртар аз ситораҳо ва дар мавқеъи муносиб барои пайдоиши ҳаёт вуҷуд доранд.

Мунаҷҷимони Донишгоҳи Коламбия, тайи панҷ соли гузашта бо истифода аз расадхонаи Кек дар Ҳавайӣ, 166 ситораи шабеҳи Офтобро таҳқиқ ҷустӯҷу доштанд, ки дар мадори он ситораҳо, саёраҳои аз 3 то 1000 маротиба бузургтар аз вазни Замин давр мезананд.

Аммо натиҷаҳои пажӯҳиш нишон додааст, назар ба саёраҳои бузург, саёраҳои хурдтар бештар будаанд. Эндрю Ҳовард, мунаҷҷим ва раҳбари пажӯҳиши мазкур мегӯяд, “мо саёраҳои гуногунҳаҷмро таҳқиқ кардем, мисли онки дар як дара, санг, тахтасанг ва ё сангреза меҷӯед ва назар ба тахтасанг, санги бештар ёфтем ва назар ба санг, сангрезаҳои бештар.

Ӯ афзудааст, “расадхонаҳои заминӣ дар ёфтани рег, яъне саёраҳои мисли Замин мушкил доранд, вале мо метавонем, теъдоди онҳоро тахмин кунем.”

Ба гуфтаи Эндрю Ҳовард, саёраҳои шабеҳи Замини мо дар Роҳи Каҳкашон мисли рег дар соҳили дарёанд, онҳо дар ҳама гӯшаҳои бурҷи Каҳкашон паҳн шудаанд.

Муаллифони пажӯҳиш тахмин мекунанд, ки саёраҳои мисли Замин муносиб барои ҳаёт шояд дар Бурҷи Каҳкашон бисёр бошанд. Саёраҳои хурдтар умдатан дар фосилаи дуртар аз ситораи худ давр мезананд ва аз ин рӯ ҳарорати онҳо метавонад барои пайдоиши мавҷудот мувофиқ бошад.

Як ситорашумори дигаре низ ҳоло дар Бурҷи Каҳкашон дар парвоз ва он ҳам фазонаварди Кеплер аст, ки барои ёфтани саёраҳои шабеҳи Замин партобаш кардаанд ва интизор доранд, Кеплер дар чанд соли оянда ба ин дастовард ноил хоҳад шуд.

Муаллифони пажӯҳиши Донишгоҳи Коламбияи Амрико дарёфтаанд, ки дар 6,5 дар сади ситораҳо, саёраҳои аз 10 то 30 маротиба сангинтар аз вазни курраи Замин баробар бо саёраҳои Нептун ва Уран давр мезананд.

Тақрибан 12 дар сади ситораҳо, саёраҳои тақрибан аз се то 10 маротиба сангинтар аз вазни Заминро дар атрофи худ ба истилоҳ мепарвардаанд. Аз ин рӯ донишмандон ба ин натиҷа расидаанд, ки дар гирди 23 дар сади ситораҳои мисли Офтоби мо, саёраҳои баробари Замин давр мезананд.
XS
SM
MD
LG