Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯши Қирғизистон рӯзи ҷумъа ҳукми як гурӯҳи узбактабори муттаҳам ба кушторҳои бераҳмонаро эълон кард. Ин гурӯҳ ба даст доштан дар хушунатҳои қавмии моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон айбдор мешаванд.

Собир Абдумуминов, хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт: Онҳо аслан ҷавонанд ва барои куштори Адилла Султанов - раиси пулиси ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯш ва ронандааш Уран Шамурзаев, ки низ корманди пулис буд, муттаҳам дониста мешаванд. Онҳо барои куштори бераҳмона ва таҳқири ҷасади беҷон маҳкум ба зиндон шуданд. Имрӯз додгоҳи ноҳиявии Қарасӯ ҳукми додгоҳро эълон кард, 5 нафар ҳабси абад, як нафар - 25 сол, як нафар - 8 сол, як нафар - 5 сол ва як нафари дигар - 4 соли зиндон гирифтанд.

Суол: Мегӯянд, ки аз ин гурӯҳи 10-нафарии қотилон ба як нафар ҳукми зиндон эълон нашудааст. Чаро?

Посух: Дар ҷараёни мурофиа Дилшод Аҳроров ба суолҳо ҷавоб намедод, намефаҳмид. Барои ҳамин парвандаи Аҳроровро парвандаи махсус эълон карданд ва онро аз парвандаи ин гурӯҳ ҷудо карданд. Акнун як кумиссиюни вижа ташкил шудааст, то ки дар бемористон ба ҳолати равонии ин муттаҳам расидагӣ кунад, ки вай воқеан ҳам бемори рӯҳист ё на. Аммо додситонӣ мегӯяд, ки вай қасдан ҳамин тавр рафтор мекунад, зеро то 1-уми сентябр вай чун одами солим рафтор мекардааст. Вақте, ки 1-кми сентябр ин мурофиа шурӯъ шуд, вай худро чун бемори рӯҳӣ нишон медод.

Суол: Ҳамин даҳ нафар барои кушторе, ки шумо ном бурдед муттаҳам шудаанд, ё онҳо дар ҷиноятҳои дигар ҳам ширкат кардаанд?

Посух: 5 нафари онҳо барои куштори ҳамин ду корманди пулис муттаҳам шуданд. Яке корд додааст, дигаре сар буридааст, яке дигар оташ задааст. Аз ҳамин қабил ҷиноятҳо. Дар мурофиаи қаблӣ ба ширкаткунандагон нишон додаанд, ки онҳо дар куҷо ва чи тавр ин ҷиноятро содир кардаанд. Ва дар ҷараёни расидагии парванда вакилони мудофеи онҳо ширкат доштаанд.

Суол: Оё ин мурофиаи бози додгоҳӣ буд, ё пасидарҳои баста доир шуд?

Посух: Мурофиаи боз буд,дар он намояндаи ҳуқуқи башари вобаста ба СММ, намояндагони воситаҳои ахбори умум, намояндагони матбуоти хориҷӣ, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ шикат доштанд. Дар мурофиа хешовандони муттаҳамон гахостанд ширкат кунанд.

Суол: Оё дар робита бо рӯйдодҳои хунини моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон мурофиаҳои дигар низ дар ин рӯзҳо дар ин кишвар ҷараён дорад?

Посух: Дар маҷмӯъ дар робита бо ин руйдодҳо 10 мурофиа идома дорад. Масалан, яке аз онҳо бо куштори ҳамаи аъзои як хонавода иртибот дорад. Ба он куштори модар, писар ва духтари 15-солаи вай, ки аввал ба номусаш таҷовуз кардаанд ва сипас бераҳмона ба қатл расондаанд. Як мурофиаи дигар ба куштори ду ҷавон дар латтабозори Ҷейнабазар иртибот дорад, ки аввал онҳоро бераҳмона куштаанд ва сипас ҷасадашонро оташ зада ба дарё андохтаанд. Ҷасади онҳоро кормандони пулиси Узбакистон пайдо кардаанд ва ба Қирғизистон овардаанд. Барои ин уштор 5 нафарро гунаҳгор медонанд. Ду нафари онҳо бародарон ҳастанд. Барои куштори аъзои хонавода 6 нафар муттаҳм дониста шудаанд, ки як нафарашон зан аст.
XS
SM
MD
LG