Пайвандҳои дастрасӣ

Болоравии нархи нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ деҳқонони тоҷикро ба раҳоӣ аз қарзҳои сангин хушбин кардааст. Ҳоло арзиши як тон нахи пахта дар бозори Ливерпули Лондон то 3 ҳазор доллар боло рафтааст.

Баъд аз оғози бӯҳрони молии ҷаҳонӣ арзиши пахта дар ҷаҳон барои бори аввал то ин ҳад афзоиш ёфтааст. Ду сол пеш кишоварзҳои тоҷик 1 тон нахи пахтаро ба 700–800 доллар мефурӯхтанд. Деҳқонону мутахассисон арзонии нахи пахтаро як сабаби афзудани вомҳои хоҷагиҳои пахтапарвар арзёбӣ мекарданд.

Вале акнун бо ҷаҳиши қиммати пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ деҳқонон умед доранд, ки ҳам аз бори гарони қарз шона холӣ мекунанд ва ҳам фоидаи молӣ мегиранд. Оё ин ният то кадом андоза иҷрошаванда аст?

Шанс барои деҳқонони тоҷик

Ғуфрон Раҷабзода, сарвари як хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ 4 гектар замини пахта дорад. Аз рӯи ҳисобу китоби ӯ агар аз ин порчаи замин 4 тон нахи пахта ба даст орад, метавонад қарзҳои худро ба осонӣ пӯшонад. Ба гуфтаи Ғуфрон, хоҷагиҳои пахтакор 1 тон нахи пахтаи худро ба ширкатҳои маҳаллӣ бо арзиши 2200–2300 доллари амрикоӣ мефурӯшанд.

Ӯ мегӯяд, "агар ҳосили ҷамъшударо ба ҳамин нарх фурӯхта тавонем, метавонем андозҳои аз даромад ва иҷтимоиро пардозем, ба деҳқонони хоҷагиҳо музд диҳем ва чигиту дигар чизҳо барои соли оянда харидорӣ кунем".

Дар 5 соли ахир бори аввал деҳқонони тоҷик ин шансро ба даст оварданд, ки бо истифода аз болоравии бесобиқаи қимати пахта мушкили худро бо қарздиҳанда ва коргарҳо бо хушӣ ҳал кунанд ва бидуни воми бонк барои мавсими соли оянда маводи заруриро фароҳам оваранд.

Бар пояи маълумоти вазорати кишоварзӣ, қарзи имсолаи пахтапарварони тоҷик ба беш аз 250 миллион сомонӣ баробар аст. Аз ин маблағ наздик ба 25 миллон қарзи пахтакорони суғдӣ аст.

Заҳмати пахтапарвар ва нафъи минарав

Бобоҷон Домуллоев – сарвари идораи кишоварзии Суғд мегӯяд, дар сурати ба даст овардани 25 сентнер аз як ҳектар деҳқони тоҷик метавонад фоидаи хуб ҳосил кунад. Аз рӯи ҳисоби ӯ баъди пардохти ҳамаи қарзҳо боз ҳам деҳқон аӯз ҳар тонна $1000 фоида хоҳад дид.

Аммо дар ҳоле, ки нархи пахта дар бозори Ливерпули Лондон то зери 3 ҳазор доллар боло рафтааст, боз ҳам хоҷагиҳои пахтапарвари тоҷик ба иллати камии тонҳои пахта ба бозорҳои яклухтфурӯшии ҷаҳон дастрасӣ надоранд. Онҳо маъмулан моли худро ба ширкатҳои миёнарави маҳаллӣ мефурушанди ва ними даромади софи худро ба ҷайби онҳо мегузоранд.

Ҷовиди Одил – коршиноси бахши кишоварзӣ мегӯяд: "Масрафи ҳамлу нақл аз кисаи деҳқон гирифта мешавад ва аз замин то бозор як тон пахтаи вай бо сарфи 700-800 доллар мерасад. Аммо бо ин вуҷуд ҳарчанд фоидаи зиёд намебинанд, шароите ба даст меоранд, вазъи худро беҳтар кунанд".

Афзоиши хароҷоти деҳқонҳо

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи коршинос - Ҷовиди Одил, нархи сӯзишвориву нурӣ, заҳрдору ва лавозимоти дигари техникӣ барои парвариши пахта низ сол то сол боло меравад. Аз ин рӯ, хароҷоти деҳқони тоҷик низ меафзояд ва дар чунин шароит бидуни сарфи 800 доллар барои як гектар, наметавон ба ҷамъоварии ҳосили хуб, яъне 25-30 сентнер аз як гектар, умед баст.

Арзиши кори занону бачаҳои пахтачини тоҷик дар замини пахта аз нигарониҳоли дигар аст, ки гумон аст, болоравии қиммати пахта онро дигар карда тавонад. Хоҷагиҳо барои ҷамъоварии як кило пахта ба коргар 25 – 30 дирам медиҳанд ки ҳатто дар шароити Тоҷикистон низ ночиз аст.

Бинобар афзоиши қиммати пахта имсол ба дастмузди деҳқони оддӣ 15 сомонӣ илова шудааст. Вале худи деҳқонон мегӯянд, боздеҳи аслӣ аз пахтакорӣ ҳамин ғузапояи нақд аст, ки мардумро дар зимистон аз сарди эмин медорад ва бо нони гарм таъмин мекунад.
XS
SM
MD
LG