Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Натиҷаи мулоқоти намояндагони вазирони нақлиёти Эрон, Чин, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Душанбе ба он ҳадде, ки мақомоти Тоҷикистон интизор доштанд, муваффақ набуд.

Ба ин далел, ки ҷуз Абдуқуддус Ҳомидӣ, вазири фавоиди оммаи Афғонистон, вузарои роҳу таробарии Эрон, Чин, Афғонистон, Қирғизистон дар ин мулоқот ширкат накарданд. Дар ҳоле, ки рӯзи гузашта вазорати роҳ ва коммуникатсияи Тоҷикистон аз вуруди вузарои роҳу таробарии ин чаҳор кишвар ба Душанбешаҳр хабар дода буд.

Хушбиниҳо аз тарҳи пешбинишуда

Ҳамчунин қарор буд президент Раҳмон, вазирони нақлиёти Эрон ва Афғонистон дидор ва гуфтугӯ кунад. Ба ҷои вазири роҳу таробарии Эрон муовинаш вориди Тоҷикистон шуд. Мақомоти Эрон далели ба Душанбе наомадани вазирро пеш омадани вазъи ғайримунтазира дар Эрон хондаанд.

Ба ин далел, раисиҷумҳур баъд аз зуҳри рӯзи гузашта танҳо бо вазири фаводи оммаи Афғонистон гуфтугӯ кард. Ин дар ҳолест, ки мавзӯи меҳварии мулоқоти панҷгона дар Душанбешаҳр баррасии тарҳи сохтмони роҳи оҳани Эрону Чин аз тариқи Афғонистон-Тоҷикистон ва Қирғизистон буд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқоташ бо вазири фавоиди оммаи Афғонистон аҳамияти стратегии ин роҳи оҳан барои Тоҷикистонро таъкид кард ва гуфт, ки дар сохтмони ин роҳ, ки аз қаламравӣ чанд кишвар убур мекунад, танҳо ба умеди сармояи созмонҳои сармоягузор нашуда балки қадам ба қадам бо тавони молии худ ин тарҳро иҷро бояд кард.

Раисиҷумҳур гуфт, ки дар ҳоли ҳозир се барномаи инвеститсионии сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа, Румӣ- Панҷи Поён-Ваҳдат-Қарамуқ дар марзи Қирғизистон тарҳрезӣ шудааст ва ба иҷро дар хоҳад омад.

Раиси ҷумҳур изҳори умедворӣ кардааст, ки ин тарҳи роҳи оҳан аз сӯи созмони ҳамкориҳои Шанхай ва бонки исломӣ пуштибонӣ хоҳад ёфт. Аммо ба гуфтаи бархе аз таҳлилгарон, агар созмони ҳамкориҳои Шанхай ба ин тарҳ алоқамандии зиёд медошт, дар ин бора изҳори назар мекард ва вазирони роҳу таробарии Чин ва Қирғизистон дар ширкат аз мулоқоти Душанбешаҳр худдорӣ намекарданд.

Нишасти Душанбе чи дастовард дошт?

Ин дар ҳолест, ки бархи дигари коршиносон дар муваффақ набудани нишасти Душанбешаҳр бар сари ин тарҳ ба мухолифати Узбакистон ва Русия ишора мекунанд. Ва сохтмони нерӯгоҳи Зарафшон дар шимоли Тоҷикистонро ба ёд оварда мегӯянд, Тоҷикистону Чин дар бораи сохтмони ин нерӯгоҳ тавофуқ карда буданд, вале ба далели пофишориҳои Узбакистон, Чин аз сохтмони ин нерӯгоҳ даст кашид.

Абдунабӣ Сатторзода, таҳлилгари маркази мутолеоти стратегии дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳар масъала ҷустани дахолати кишвари хориҷӣ раво нест. Ба эътиқоди вай, адами мувафаққияти ин нишастро дар вазорати роҳу коммуникатсия бояд ҷуст.

Аммо Абдулғанӣ Маҳмадазимов, таҳлилгари умури сиёсӣ, ин имконро рад накард ва гуфт: «Ба фикри ман инҷо аз як тараф манфиати Чину Эрон аст, аз сӯи дигар худи Афғонистон аст, ки ин роҳ аз қаламраваш мегузарад. Ва дар ин кишвар гурӯҳҳое ҳастанд, ки ба дунбол кардани манофеи кишварҳои дигар, коршиканӣ мекунанд, вале ман аминам, ки ин пружа ба ибтикори Чину Эрон роҳандозӣ хоҳад шуд».

Бо вуҷуди ин, ҷаноби Маҳмадазимов имкони кӯтаҳӣ дар дохили ҷумҳуриро рад накард.

Вай гуфт: «Вазорати марбутаи Тоҷикистон шояд омода набуд, ки аз лиҳози иқтисодӣ ва фаннӣ ин пружаро омода кунад. Мо шоҳиди бисёр пешниҳодҳои раҳбарони сиёсии ҷумҳурӣ будем, ки вазоратҳои марбута дар иҷрои онҳо дасткӯтоҳӣ нишон доданд. Шояд кӯтаҳӣ аз худи мо бошад.»

Бархи дигари коршиносон ба ҳамин назаранд ва мегӯянд, ки далели ташриф наовардани вузарои роҳу таробарии Эрон, Чин, Афғонистон, Қирғизистон омода набудани асноди воқеӣ ва мутолеоти пешакӣ дар тарҳрезии ин хатти оҳан аст, ки тарафи Тоҷикистон дар ин раванд аҷала кардааст.
XS
SM
MD
LG