Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ахиран садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, сиёсати эҷоди як фазои бисёрқавмӣ дар ин кишвар “шикаст хӯрдааст”. Ин изҳорот, ки имкони як бахши комилҳуқуқи Аврупо шудани аққалиятҳои мусалмонро зери суол мебарад, мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳо ва таҳлилгарон қарор гирифтааст.

Матбуоти Ғарб ахиран ин масъаларо мавриди таҳқиқ қарор дод, ки чаро баъди ҳамзистии тӯлонӣ дар баъзе манотиқи Аврупои Ғарбӣ ҳамоно садҳо ҳазор мусалмонҳо худро узви комилҳуқуқи ҷомеаи кишварашон эҳсос намекунанд.

Дар саросари Аврупо имрӯз ҳудудан 20 миллион мусалмон ба сар мебарад ва кишварҳои Бритониёи Кабир, Испания ва Фаронса аз маҳалҳои таҷаммӯи бештари пайравони дини Ислом дар густураи Аврупо маҳсуб мешаванд.

Ҷоана Гудӣ, масъули оҷонсии ҳуқуқи бунёдии Иттиҳодияи Аврупо, мақарраш дар Вена яке аз муаллифони гузориши тозанашрест, ки вазъи ҷавонони мусалмон ва ғайримусалмони аврупоиро таҳлил кардааст. Мо бо пойтахти Австрия телефонӣ тамос гирифта, аз хонум Гудӣ дархост кардем, роҷеъ ба вазъи мусалмонҳо аз назари мавқеи иҷтимоиву ҷамъиятӣ ва иқтисодиву сиёсиашон дар Аврупо ба мо маълумот бидиҳад.

Ҷоана Гудӣ: -Дар тамоми ин солҳо ташаббусҳои хеле хуб барои ҳамоиши мусалмонҳо бо ҷомеаҳои масеҳимазҳаби Аврупо карда шудааст. Масалан, Бритониёи Кабир намунаҳои бисёр муваффақи сиёсати бисёрқавмӣ дорад. Вале айни замон, вақте мушкиле дар ин замина пеш меояд, мо мебинем, ки пеш аз ҳама ҷавонҳои мусалмон худро дур ё канор андохташуда эҳсос мекунанд. Сиёсатмадорон бояд пеш аз ҳама дар фикри ин бошанд, ки ҳар гуна қолабҳое, ки дар ҳақи мусалмонҳо дар миёни бархе аъзои ҷомеаашон ба вуҷуд меояд, бартараф шаванд. Ба фикри ман хеле муҳим аст, ки мо дар мактабҳо тарзи дурусти омӯзиши ин масоилро ба роҳ монем. Чизи дигаре, ки онро нодида гирифта намешавад, ин зербинои иҷтимоиву иқтисодии ин ҷавонҳо аст, ки ба дидгоҳҳояшон таъсиргузор мешавад. Масалан, дар баъзе мавридҳо мусалмонҳои ҷавон эҳсос мекунанд, ки набуди таҷрибаи кофӣ боиси дар канори ҷомеа мондани онҳо мешавад. Ин чизи муҳим аст, ки бояд ба эътибор гирифта шавад.

Озодӣ: -Вақте сухан дар бораи табъйизу озори инсон аз назари мансубияти мазҳабии ӯ меравад, ба мушоҳидаҳои шумо, оё ҷавонҳои мусалмони аврупоӣ бештар аз кадом навъи табъйиз азият мешаванд?

Ҷоана Гудӣ: -Вақте сухан дар бораи азияту озор меравад, ҷавонҳои мусалмон зуд мегӯянд, ки ин ба хотири мазҳаби онҳо ва дигар будани фарҳанги гузаштаву суннатҳои онҳо карда шудааст. Маслан дар Бритониё 36 % ҷавонҳои мусалмон ва танҳо 18 % ғайримусалмонҳо мегӯянд, ки ҳангоми пеш омадани ҳодисаҳои табъйиз ҳуввияти мазҳабиву мансубитяи фарҳангии онҳо ба ин сабаб мешавад. Чизи мусбате, ки аз ин назар мушоҳида мешавад, ин аст, ки ҷавонҳо мегӯянд, дар ҳолатҳои дучор шудани онҳо бо хатарҳое син ё ҷинси онҳо аҳамият надорад.

Озодӣ: -Чизи ҷолибе, ки таҳқиқоти шумо рӯшан ба намоиш мегузорад, ин аст, ки ҷавонҳои мусалмон назар ба ғайримусалмонҳо ба арзишҳову пешрафтҳои демократии кишвари худ бештар мутақоид ҳастанду ба ормонҳои демократӣ эътимод ва ӯҳдадории шаҳрвандии бештар доранд. Масалан дар Бритониё ҳамингуна будааст.

Ҷоана Гудӣ: -Бале, аз назари эътимоди онҳо ба сохторҳои демократӣ ин чиз бисёр дилгармкунанда аст. Масалан, ҷавонҳои мусалмон назар ба ғайримусалмонҳо бештар ба ҳарфи сиёсатмадорҳо гӯш мекунанд. Вале боз ҳам бояд кори бештаре дар ин самт анҷом шавад, то эътимоди ҷавонҳо ба сохторҳои демократӣ афзоиш ёбад.

Озодӣ: -Баъди афзоиши ҳодисаҳои террористиву шурӯи муборизаи зиддитеррор нӯҳ соли пеш дар тафаккури бархе афрод дар Ғарбу Аврупо чунин андешае пайдо шуд, ки мусалмон ҳатман бояд як ситезаҷӯ ё террорист бошад. Оё шумо мизони тавсеаёбии ингуна боварҳоро дар миёни ҷомеаи аврупоӣ таҳқиқ кардед?

Ҷоана Гудӣ: -Аслан мо сабабҳои пайвастани ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгарову террорист таҳқиқ накардаем. Мо бояд хеле эҳтиёткор бошем ва тафовути миёни мусалмонҳо ва ҳам нафарони ифротгарону террористро дарк кунем. Ва инчунин, бояд бархӯрди мардумро ба ин мафҳумҳо бояд хеле мӯҳтотона мушаххас кунем. Чандин таҳқиқоти мо нишон дод, ки аксари ҷавонҳои мусалмони Аврупо ба ҳеҷ ваҷҳ тарафдори хушунату терроризм нестанд. Ин хушҳолкунанда аст. Шумори хеле ками онҳо мегӯянд, ки аз роҳи тундгароиву террор мешавад масъалаҳои бадрафториву табъйизро нисбати мусалмонҳо ҳал кард. Аксари ҷавонҳое, ки бо мо сӯҳбат мекарданд, мегуфтанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ терроризм ҷаҳонро наҷот нахоҳад дод”.

Озодӣ: -Шумо ба давлатмардони Иттиҳодияи Аврупо дар заминаи беҳтар кардани ҳамоиши мусалмонҳо бо ҷомеаҳояшон чӣ машваратҳое ироа мекунед?

Ҷоана Гудӣ: -Аввал ин ки бояд мусалмонҳо аз бархӯрди қолабӣ нисбаташон озод шаванд. Инчунин бояд аз дур ё канор андохта шудани мусалмонҳо дар ин ҷомеаҳо ҷилавгирӣ шавад. Бо онҳо набояд чун бо одамони “дигаргуна” рафтор шавад. Барои ҳифзи ҷомеаи гуногунранг бояд бештар такя ба таблиғоти паҳлӯҳои мусбати ҳамзистӣ бо мусалмонҳо карда шавад. Иттиҳодияи Аврупо бояд дарк кунад, ки дар инзиво гузоштани ҷомеаи мусалмонҳо дар дохили ҷомеаҳои аврупоӣ метавонад дар ниҳоят паёмади хеле манфӣ дошта бошад”.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG