Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳ: Орзуям қаҳрамон миёни бузургсолон шудан аст


Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони ҷавони тоҷик
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони ҷавони тоҷик

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо байни наврасон, ки дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон баргузор шуд, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Комроншоҳ меҳмони барномаи «Ҷаҳони варзиш»-и радиои Озодӣ буд ва ҳоло мусоҳибаи мо бо ин ситораи навини варзиши тоҷик ба таваҷҷӯҳи хонандагони сомонаи интернетии РО пешкаш мешавад.



-Комроншоҳ, аввалан, Шуморо бо ғалабаи бузург дар сабқати ҷаҳонӣ табрик мегӯем.

-Ташаккур.

-Нахуст дар бораи сабқати худ дар Тифлис каме иттилоъ бидиҳед.

-Ман дар вазни то 81 килограмм рақобат кардам. Ҳарифонам аз Қирғизистон, Русия ва Узбакистон буданд, ки онҳоро шикаст дода, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтам. Дар қувваозмоии финалӣ бар гуштигири Булғористон дастболо шуда, соҳиби медали тилло гардидам. Хеле сарфарозам, ки дар макони мусобиқот – толори варзишии Тифлис ба ифтихори пирӯзии ман Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта, Суруди миллии кишвар садо дод.

-Лутфан, дар бораи худ мухтасар нақл кунед.

Комроншоҳи Устопириён ҳамроҳи падараш Усто Устопиров

-Ман 17 сол дорам. Донишҷӯи факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳии давлатии шаҳри Хуҷанд мебошам. Дар оилаи паҳлавонон Устопировҳо ба дунё омада, ба камол расидаам. Дар оилаи мо панҷ духтару ду писар ҳастанд. Устодони ман падараму бародарам мебошанд. Падарам Усто Устопиров, Мураббии шоистаи Тоҷикистон, барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо байни устодон аст. Бародарам Фаридун Устопирови 30-сола қаҳрамони дукаратаи Бозиҳои Осиёи Марказӣ дар навъи самбои размӣ ё боевое самбо мебошад.

-Шумо дар куҷо тамрин мекунед?

-Ман то синфи 6-ум дар мактаби миёнаи рақами 10-и деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мехондам ва дар толори варзишии «Кохи Ланглиф» машқ мекардам. Баъдан таҳсиламро дар мактаби хусусии Рустамови шаҳри Хуҷанд давом додам ва ҳоло дар маркази вилоят дар толори «Суғдсохтмон» машқ мекунам.

-Ба ғайр аз мусобиқоти ҷаҳонии Тифлис боз Шумо чӣ гуна муваффақиятҳо ба даст овардаед?

-Ман моҳи июни соли ҷорӣ дар чемпионати Осиё оид ба самбо байни наврасони соли таваллудашон 1992-93 соҳиби медали тилло шудам. Инчунин дар мусобиқаи кушодаи Ҷоми Федератсияи дзюдои Қирғизистон медали нуқра гирифтам. Ҳамчунин ду бор, солҳои 2008-2009, дар ду мусобиқаи байнулмилалӣ дар шаҳри Самарқанди Узбакистон ғолиб шудаам.

-Оё барои омодагии Шумо ба мусобиқоти байнулмилалӣ ҳамаи шароитҳо муҳайёст?

-Бале. Ман ҳамроҳи дигар гуштигирони маъруфи тоҷик моҳи июни соли равон бо дастгирии раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Федератсияи дзюдои кишвар яке аз давраҳои омодагиро дар Кореяи Ҷанубӣ гузарондам. Моҳи август бошад, дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд таҳти раҳбарии сармураббии дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон Носир Бозоров машқ кардам. Аз моҳи сентябр дар толори варзишии Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба навъҳои гуштин тамрин карда, ба чемпионати ҷаҳон омодагии хуб дидам ва дар натиҷа ба комёбии назаррас ноил шудам.

-Чӣ орзу доред?

-Орзу дорам, ки ба мисли ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов (рӯҳашон шод бод!) қаҳрамони ҷаҳон шавам. Охир, дар муддати беш аз 35 сол дигар ягон гуштигири Тоҷикистон ба унвони қаҳрамони ҷаҳон байни бузургсолон ноил нашудааст.

-Ташаккур барои сӯҳбат. Барои амалӣ шудапни ин орзуи наҷибатон ба Шумо барори кор ва пирӯзиҳо хоҳонем.

-Ташаккур.

XS
SM
MD
LG