Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи қонуни манъи сигоркашӣ дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад


Интизор меравад, порлумони Тоҷикистон ба зудӣ тарҳи “Қонун оид ба манъи сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” –ро баррасӣ кунад. Ҷумъабой Сангинов, вакили мардумӣ аз Ҳизби ҳокими халқӣ демократӣ ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, ҳафтаи оянда тарҳи мазкур баррасӣ ва ғолибан тасвиб хоҳад шуд. Дар Тоҷикистон кашидани сигору нос дар ҷойҳои ҷамъиятӣ то кунун мамнӯъ нашудааст ва масрафи тамоку дар миёни аҳолӣ сол то сол меафзояд. Як созмони байналмилалии мубориза бо тамокукашӣ пешбинӣ кардааст, ки соли равон аз сигоркашӣ 6 миллион нафар дар саросари ҷаҳон ҳалок мешаванд ва аксарияти онҳо аз кишварҳои камбизоат ва дар ҳоли рушд ба мисли Тоҷикистон хоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG