Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои НАТО дар Афғонистон 20 ситезаҷӯро куштанд


НАТО гуфт, як чархболи нерӯҳои эътилофӣ бо ҳамла ба мавзеъи ситезаҷӯён дар Афғонистон 20 нафари онҳоро куштааст. Ба гуфтаи мақомоти НАТО, гурӯҳе аз ҷангҷӯён дар ноҳияи Спинболдаки вилояти Қандаҳор ба ин чархбол аз аслиҳаи сабук ва пулемёт тирандозӣ карданд ва худашон ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Дар маҳалли ҳодиса, 20 бомб, муҳимоти ҷангӣ ва чанд мошин кашф шудаааст. Бар асоси гузоришҳои муқаддамотӣ, аҳолии осоишта дар ин ҳамла осеб надидааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG