Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти олуда ба ихтилофи назари СММ дар Ҷопон


Бо вуҷуди рӯзи ниҳоӣ дар нишасти таҳти сарпарастии Созмони Милал барои ҳифзи олами набототу ҳайвоноти сайёра, ихтилофоти назар бар сари ин масъала дар миёни ҳозирони он рафъ нашудааст. Мақомоти муҳитизистии 190 кишвари ҷаҳон дар ин ҳамоиш дар шаҳри Нагуяи Ҷопон ширкат доранд. Агарчӣ аксарияти онҳо бар сари таъйини 20 ҳадафи мушаххаси ҳифзи мавҷудоти зиндаи курраи Замин мувофиқат кардаанд, вале ихтилофи назар дар мавриди баъзе аз онҳо боқӣ мемонад. Кишварҳои ҷаҳон соли 2002 ваъда доданд, ки аз коҳиши босуръати олами набототу ҳайвонот ҷилавгирӣ мекунанд, аммо ба ин ҳадаф ноил нашуданд. Кишварҳои дар ҳоли рушд, ки захираҳои дастнохӯрдаи табиӣ зиёдтар доранд, хоҳони дарёфти кӯмакҳои молии бештар барои ҳифзи онҳо ҳастанд.
XS
SM
MD
LG