Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳви миқдори азими ҳероину афюн дар Афғонистон


Мудири ниҳоди муборизакунанда бо қочоқи маводи мухаддири Русия мегӯяд, нерӯҳои махсуси кишвараш ва Амрико дар як амалиёти бесобиқае дар коргоҳи тавлиди ин мавод дар Афғонистон ба арзиши 250 миллион доллар ҳероин ва афюнро нобуд карданд. Виктор Иванов, мудири Хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия гуфтааст, юриш ба чаҳор коргоҳи тавлиди маводи мухаддир дар наздикиҳои марзи Покистон, сурат гирифтааст ва он дасти ду корманди ин хадамот ширкат кардаанд.
XS
SM
MD
LG