Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои даври 31-уми сабқати Лигаи олии Тоҷикистон


Рӯзи шанбе, 30-юми октябр, се бозии даври 31-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор мешавад.

«Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ бо ССКА «Помир»-и Душанбе, «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо «Истиқлол»-и Душанбе рақобат мекунанд.

Бозии охирини даври 31-ум рӯзи якшанбе, 31-уми октябр, байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Энергетик»-и Душанбе баргузор мешавад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот «Истиқлол» бо 68 имтиёз дар ҷои аввал ва «Регар-ТадАЗ» бо 62 имтиёз дар ҷои дуввум қарор доранд. Ҳарду даста барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд.

Муддаиёни ҷои севум - дастаҳои «Хайр» ва «Вахш» бо 44-имтиёзӣ мутаносибан зинаҳои севуму чаҳорумро касб кардаанд. Вале дастаи «Вахш» ду бозӣ камтар анҷом додааст.

ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТ

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Истиқлол» (Душанбе)

26

21

5

0

65-14

68

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода

26

19

5

2

74-17

62

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

27

13

5

9

47-34

44

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

25

12

8

5

33-22

44

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

26

8

9

9

27-39

33

6.

«Энергетик» (Душанбе)

26

8

4

14

31-39

28

7.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

26

7

6

13

34-45

27

8.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

27

4

5

18

27-65

17

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

27

1

3

23

17-82

6


Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 26 гол, Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 15, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») – 13, Дилшод Восиев («Истиқлол»), (Нӯъмонҷон Ҳакимов («Регар-ТадАЗ/»Вахш») ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 11-голӣ.
XS
SM
MD
LG